Бо вуҷуди даст ба даст шудани тасвирҳои моҳвораии пойгоҳи Чин дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷӣ ва миёни сокинон, Душанбе ва Пекин боз ҳам ба набудани он пойфишорӣ доранд. Радиои Озодӣ тасмим гирифт, далели пинҳон нигоҳ доштани ин мавзуъро бо коршиносон дар миён гузорад.
Ин мавзуъ замоне миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон доғ шуд, ки порлумони Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр аз нияти Чин барои таъсиси як бинои низомии 10-миллиондолларӣ барои нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Вахон хабар дод.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон гуфт, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷинояти муташаккил мебошад, сохта мешавад. Порлумони Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки пойгоҳ бар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон ва аз буҷаи ҳукумати Чин бунёд мешавад. Аммо ин, ки пойгоҳи мазкур бо чӣ шарте сохта мешавад, чизе гуфта нашуд.
Пойгоҳе, ки вуҷуд “надорад”
Шароити ҳамкориҳои Пекин ва Душанбе маъмулан “паси парда” сурат мегиранд, аммо чизе, ки аз парда бурун меояд, одатан аз сӯи ҳар ду тараф эътироф намешавад.
Масалан, Ван Вэнбин, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар мавриди баёнияи Тоҷикистон дар робита ба таъсиси пойгоҳи низомии ин кишвар дар водии Вахони ВМКБ посухи рӯшане надод ва гуфт: “Ман ошкоро гуфта метавонам, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи низмомӣ надорад.” Ин дар ҳолест, ки нашрияи “Вашингтон Пост”-и Амрико соли 2019 дар матлабе аз вуҷуди пойгоҳи низомии Чин дар Мурғоби Тоҷикистон хабар дод. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ низ вуҷуди осори ҳузури низомии Чинро тасдиқ кард.
Радиои Озодӣ ба ҳуҷҷатҳое даст ёфтааст, ки тибқи онҳо дар ин пойгоҳи низомӣ ҳайати чинӣ кор мекунанд, ҳарчанд ин бино ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Илова бар ин, асноди дастрасшуда нишон медиҳанд, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Вей Фенхе, вазири дифои Чин, дар моҳи июли имсол интиқоли пурра ва ройгони ин пойгоҳи низомӣ ба Чин мавриди баҳс қарор гирифт. Аммо натиҷаҳои ин дидор эълом нашуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Вашингтон Пост" мегӯяд, Чин дар Мурғоб як посгоҳ дорадМантиқи пинҳон доштани пойгоҳ дар чист?
Ҳадафи ҳузури низомии Чин дар минтақаҳои марзӣ маълум нест. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳадаф аз ин кор маҳор кардани таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон бошад. Ба ҳар ҳол, далели асосии пинҳон нигоҳ доштани чунин ҳузури низомӣ ба унвони суол боқӣ мемонад.
Темур Умаров, мушовири Маркази Карнегии Маскав, мегӯяд, Пекин ҳаргиз худро ба унвони як қудрат ба рӯйи хатти кашидаи Русия қарор надодааст. "Пекин ҳамеша таъкид мекунад, ки мухолифи мудохила дар умури дохилии кишварҳои дигар аст. Онҳо чунон мавзеъ мегиранд, ки ҳамчун як кишвари низомӣ нестанд. Намехоҳанд, ба мисли абадқудратҳое бошанд, ки дар харитаи геополитикаи ҷаҳон қарор доранд ва ба ҳар шакле талош мекунанд, ҳамин тасвирро ҳифз кунанд”, -- мегӯяд Умаров.
Ҷаноби Умаров зикр мекунад, ки шояд далели ин пинҳонкорӣ халалдор нашудани равобити Пекин бо Маскав мебошад: "Осиёи Марказӣ ҳамеша ҳамчун минтақаи истисноии манофеи Русия, бахусус дар ҳавзаи амниятӣ, қабул шудааст. Бинобар ин, чунин амалкарди Чин дар Маскав ҳамчун танг кардани майдон фаҳмида мешавад." Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Темур Умаров, то ҳанӯз манофеи Маскав ва Пекин дар минтақа бо якдигар дар зиддият нестанд.
Пентагон ё Вазорати дифои Амрико дар як гузориш ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида моҳи сентябри 2020 ишора кардааст, ки "Чин талош дорад дар хориҷ аз марзҳои худ пойгоҳҳо ва зарфиятҳои логистикии пешрафта бунёд кунад, ки Артиши озодибахши Чинро барои ҳифзи нерӯи низомӣ дар фосилаҳои дур қодир бисозад". Тоҷикистон ба унвони яке аз 12 кишвар зикр шудааст, ки Чин онро ба унвони як гузина (интихоб) дар назар гирифтааст. Артиши озодибахши Чин расман танҳо дар кишвари Ҷибутӣ пойгоҳи низомӣ дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?“Пекин аз қарордодҳои пешина дур мешавад”
Сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода мегӯяд, Чин медонад, ки кишварҳои минтақа аз он ҳарос доранд ва фаъолияти худро таблиғ намекунад. “Илова бар ин, Пекин аз қарордодҳое, ки қаблан дар чаҳорчӯби “Панҷгонаи Шанхай” ба даст омада буд, дур мешавад. Бар асоси ин тавофуқот марзҳо бояд ғайринизомӣ бошанд”, - мегӯяд ин сиёсатшинос.
Ӯ афзуд, тибқи ин тавофуқҳо нерӯҳои Русия дар даҳаи навадум манотиқи ҳаммарз бо Чинро тарк карданд. Акнун Пекин фаъолона дар талоши пур кардани ин холигоҳ аст.
Тибқи моддаи 1-уми “Эъломияи Шанхай” аз 26-уми апрели соли 1996, ки аз сӯи Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон имзо шудааст, “Нерӯҳои мусаллаҳи ҷонибҳо воқеъ дар манотиқи марзӣ ба Ҷониби дигар ҳуҷум намекунанд ва аз ҳар навъ фаъолияти низомие, ки ба ҷониби дигар таҳдид мекунад, худдорӣ меварзанд.”
Тибқи тавофуқоти баъдӣ бо ҳадафи бозрасиҳои низомии мутақобил дар марзи кишварҳои дахил миёни воҳидҳои мусаллаҳи артиш дар фосилаи 100 километр даҳлез эҷод шудааст. Нерӯҳои низомӣ аз ҳамдигар то фосилаи 300 километр дур нигоҳ дошта шуданд.
Оё Маскав ба Душанбе иҷозаи истифода аз сиёсати чандҷониба медиҳад?
Коршиносон дар солҳои охир ба вобастагии бештари Душанбе аз Чин ишора мекунанд. "Аён аст, ки Русия даргири задубандҳое ба Ғарб буда, дастонаш баста аст. Душанбе бо истифода аз ин вазъ мехоҳад, аз ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳо суд бибарад, бахусус аз Чин. Дар ҳоли ҳозир мавзеъгирӣ ё муқобилаи ошкоро бо Пекин ба нафъи Русия нест, аммо агар Маскав бихоҳад аҳромҳои нуфузи зиёде бар Душанбе дорад," -- таъкид мекунад Сулаймон Шоҳзода.
Мақомоти Русия то ҳол дар мавриди фаъол шудани ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Чин мавқеъи худро эълом накардаанд.
Андрей Грозин, мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар Муассисаи кишварҳои ИДМ, зимни мусоҳибаи худ бо “Спутник” гуфтааст, ки агар дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Чин пайдо шавад, пас, он маҳсули тавофуқоти Маскав ва Пекин аст.
“Албатта, Тоҷикистон барои Чин як кишвари муҳим дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Аммо, ба эътиқоди амиқи ман Русия барои Чин нисбат ба Тоҷикистон аз аҳамияти бузургтаре бархурдор аст. Пекин равобит бо Маскавро барои ба даст овардани манофеи кӯтоҳмуддат ба хатар намеандозад,” – гуфтааст Грозин.
Қаблан дар минтақа тақсими сокити ҳавзаи нуфуз мушоҳида мешуд, ки бар асоси он ҳавзаи амниятӣ ба таври истисно дар ихтиёри Маскав қарор дошт. Пекин танҳо дар ҳавзаи иқтисодӣ фаъол буд. Бо гузашти замон Чин ба сармоягузорӣ дар бахши амниятии Тоҷикисон шуруъ кард.
Дар марз бо Афғонистон чор посгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ сохта шуданд. Дар Душанбе аз буҷаи Чин Хонаи афсарон бунёд ва моҳи ноябри соли 2019 маросими ифтитоҳи Маркази муқобила бо терроризм, ифротгароӣ ва таҷзияталабӣ (сепаратизм) баргузор шуд.