"Ин кӯдак аз гуруснагӣ мегиряд". Афғонистонро чӣ интизор аст? ВИДЕО

Кӯдаке дар Афғонистон, ки аз гуруснагӣ мегиряд

Афғонистон ба камбуди шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ аст. Бо фарорасии фасли зимистон ва боришоти барфи зиёд хатти интиқоли барқ ба минтақаҳои сераҳолии кишвар канда мешавад.

Созмону ниҳодҳои кӯмакрасон мегӯянд, талош доранд аз гуруснагӣ дар сармои зимистон ҷилавгирӣ кунанд. Хабарнигори Садои Амрико, бо чанд хонаводаи афғоне суҳбат кард, ки талош доранд, фарзандонашонро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд.

Хабарнигор кӯдакеро дид, ки аз гуруснагӣ мегирист. Зоҳиран, ӯ шир мехост. Ин як саҳнаи оддӣ дар Афғонистон аст. Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, имкон дорад беш аз нисфи аҳолӣ ё 22,8 миллион нафар моҳҳои наздик ба гуруснагӣ дучор шаванд. Аз ҷумла миллионҳо кӯдак ҳам.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ин кӯдак барои нон мегиряд". Гуруснагӣ Афғонистонро таҳдид дорад

Ҷанги 40-сола Афғонистонро бенаво кард. Аз 4,3 ҳисаи буҷаи кишвар аз хориҷ сармоягузорӣ мешуд. Бо омадани Толибон ба қудрат маблағгузорӣ қатъ шуд. Амрико дастрасии кишвар ба 10 миллиард доллар дороиҳои онро ҳам номумкин кард. Кишвар ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ рӯбарӯ шуд.

Дар Маркази тақсими маводи ғизоӣ, ки Барномаи ҷаҳонии Озуқа дар Кобул таъсис додааст, навбат зиёд аст.

Мэри Элен, раҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Афғонистон гуфт: “Созмони ҷаҳонии Озуқа барои хариди маводи ғизоӣ 100 миллион доллар гирифт, аммо ин кофӣ нест. То сар шудани зимистон ба мо боз 100 миллион доллар ва то соли 2022, 300 миллион доллари дигар зарур аст.”

Пандемияи КОВИД-19 ва хушксолӣ вазъро бадтар кардааст. Бисёриҳо аз кору даромад маҳрум шуданд. Аксарияти дигар моҳҳо маош нагирифтаанд. Садҳо ҳазор нафар дар пайи низоъ ва хушксолӣ тарки хонаву маҳалли зист кардаанд.

Афғонистон бо яке аз бадтарин буҳронҳои башарӣ рубару аст. Кӯмакҳои молӣ ба чунин хонаводаҳо имкон медиҳад, ки маводи ғизоӣ дошта бошанд. Аммо ин кӯмакҳо ҳам муваққатиянд. Кӯмакҳое, ки ба онҳо расонида мешавад, танҳо барои як моҳ мерасад. Бо омадани сармо сокинон дар ин фикранд, ки солро чӣ гуна пушти сар хоҳанд кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳушдори СММ аз гуруснагӣ ва фақри шадид дар АфғонистонМуҳаққиқ: Дар як маҳаллаи Кобул ҷасади 8 кӯдакро ёфтанд, ки аз гуруснагӣ мурдаанд"Толибон" пас аз латукӯби Ҳоҷӣ Бобо паноҳҷӯёнро аз Ишкошим рондаанд