Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз гуруснагӣ ва фақри шадид дар Афғонистон


Ду ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додаанд, ки ҳудуди 23 миллион афғон дар зимистони имсол аз камбуди маводи хӯрокворӣ ранҷ хоҳанд бурд.

Дар гузориши "Барномаи ҷаҳонии ғизо" ва Созмони кишоварзии СММ бо ишора ба ҷанг дар Афғонистон, хушксолӣ ва бемории КОВИД-19 ва ҳамчунин сахттар шудани буҳрони иқтисодӣ пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон, таъкид шудааст, ки Афғонистон бо яке аз бадтарин буҳронҳои башарӣ рубару аст.

Мудири Барномаи ҷаҳонии ғизо бо ишора ба фаро расидани фасли сармо дар Афғонистон гуфтааст, дар моҳҳои оянда миллионҳо афғон маҷбур мешаванд байни муҳоҷират ва гуруснагӣ якеро интихоб кунанд.

Муовини Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон ҳам мегӯяд, чунин вазъият, ки ҳоло дар Афғонистон мушоҳида мекунад, дар даҳ соли гузашта монанд надоштааст. Ӯ гуфт, "дар ҳоли ҳозир наздик ба 18,8 миллион нафар бо камбуди ғизо дар Афғонистон рубару ҳастанд. Дар чанд моҳи оянда ин адад то 22,8 миллион нафар афзоиш ёфта метавонад, зеро зимистони сахт дар роҳ аст".

Идомаи ин вазъият мардумро ҳам ба душвориҳо рубару кардааст. Бисёре аз хонаводаҳо маҷбур шудаанд васоили хонаҳояшонро бифурӯшанд ва дар ивази он пул дарёбанд ва хӯрок бихаранд. Рузи гузашта яке аз раҳбарони ҳазораҳои Афғонистон гуфт, дар як маҳаллаи Кобул ҷасади 8 кӯдакеро пайдо кардаанд, ки аз гуруснагӣ мурдаанд.

Масъулини ҳукумати Толибон мегӯянд, барномаи "Гандум дар баробари кор"-ро рӯи даст гирифтаанд ва дар натиҷа, барои ҳудуди 40 ҳазор нафар заминаи кор фароҳам шудааст. Бар асоси ин барнома, ҳамаруза барои ҳар нафар дар ивази кораш, даҳ килограм гандум дода мешавад.

Дар гузориши Созмони кишоварзии СММ омадааст, ки паёмадҳои хушксолии шадид дар Афғонистон ба зиндагии 7,3 миллион нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки даромадашон аз ҳисоби кишоварзӣ аст, таъсири манфӣ гузоштааст.

Бар асоси гузорише, ки СММ ҳудуди ду моҳ пеш нашр кард, "хати фақр дар Афғонистон то нимаи соли 2022, 97 дарсади мардуми ин кишварро шомил хоҳад шуд".

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид пештар дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон бинобар хушксолӣ, оворагӣ ва фақри давомдор ҳамзамон бо рӯи кор омадани Толибон ҳушдор дода буданд.

Идораи кишоварзии СММ мегӯянд, ки барои кӯмаки фаврӣ ба ҳудуди 11,5 миллион доллар ва дар фасли кишту кор дар соли 2022 дар Афғонистон ба 200 миллион доллари дигар ниёз дорад.

Дар ду нишасти муҳими байналмилалӣ дар ду моҳи гузашта, ваъда дода шуд, ки ба Афғонистон ба миқдори ду миллиард доллар кӯмак карда мешавад. Аммо ниҳодҳои СММ мегӯянд, ки то кунун танҳо аз се як ҳиссаи ин пул дар ихтиёри онҳо қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG