Баҳси ду боғбон дар Балҷувон. Додгоҳ ва ҳукумат тарафи кист? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанҷоли замин дар Балҷувон. Кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ?

Баҳси ду боғбон дар ноҳияи Балҷувон миёни додгоҳ ва Кумитаи замин ихтилофи назарро ба вуҷуд овардааст.

Як боғбон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мегӯяд, замини боғаш ҷанҷолӣ шудааст ва эҳтимоли аз даст додани ҳазорон бех ниҳолаш вуҷуд дорад. Ҳамсояаш мегӯяд, ин замин моли ӯст ва ғасб шудааст. Мақомот дар ноҳияи Балҷувон гуфтанд, мушкил аз роҳи қонунӣ ҳал хоҳад шуд.

Сайдмумин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи ноҳияи Балҷувон иддао дорад, ки ду гектар замини боғи бунёдкардаашро бо роҳи ғайриқонунӣ аз ӯ гирифтан мехоҳанд. Баҳси ӯ бо нафарест, ки дар паҳлӯяш замин дорад ва нигаронии ӯ ин аст, ки мақомот барқасдона ба тарафдории ҳамсояаш, ки бо мансабдорони ноҳия робита дорад, қарор мебароранд.

Додгоҳ баҳсро ба фоидаи Давронов ҳал кардааст, вале Кумитаи замин аз ҷониби дигар ҳимоят мекунад ва мегӯяд, замин ғасб шудааст.

Ӯ дар ин ҷо панҷ ҳазор дарахт парвардааст, ки ду ҳазораш дарахти мевадиҳанда аст. Талош низ шудааст, то боғи ӯро аз байн баранд. “Дар ҳаминҷо 70 ниҳоли сабзро буриданд, алакай пешаш ба самар расида буд.”,--гуфт ӯ.

Сайдмумин Давронов, соли 2010 барои бунёди боғ аз Хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Балҷувон 12 гектар заминро то соли 2030 ба иҷора гирифтааст.

Баҳси ӯ бо Шодибалхӣ Низомов, ки дар паҳлуяш замин дорад, аз соли 2016 оғоз шудааст. Ин мард низ мӯътақид аст, ки заминаш аз ҷониби Давронов ғасб шудааст.

Дар баҳси ибтидоӣ додгоҳ Сайдмумин Давроновро соҳиби замин донистааст, вале ин ба даъвои ҳамсоя хотима надод. Баръакси додгоҳ Кумитаи замини ноҳия ӯро ба ғасби замин муттаҳам кардааст.

Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, “мақомот дар доираи ваколати худ ҳуқуқи ҳал кардани масъалаи заминро доранд.”

Сайдмумин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи ноҳияи Балҷувон мегӯяд, зоҳиран дахолати як мансабдор баҳсро бар зарари ӯ кардааст.

Ӯ мегӯяд, муовини раиси ноҳия, Иброҳимзодаи Ҳасан зоҳиран аз як тарафи баҳс пуштибонӣ мекунад.

Ҳасан Иброҳимзода, муовини раиси Балҷувон инро рад кард ва гуфт: “Тибқи аризаи шаҳрвандон бо дастури раиси ноҳия комиссияи салоҳиятнок такшкил карда шуд ва рафта дидем, чизе, ки ҳаст ҳамонро мо пешниҳод кардем. Мо гуфтанӣ нестем, ки ҳукми суд асос надорад. Аммо заминҳои ӯ камтар зиёдатӣ баромад.”

Охирон ҳуҷҷате, ки аз суи Кумитаи замини ноҳияи Балҷувон моҳи июли соли 2021 содир шудааст, Сайдмумин Давроновро ба ғасби ин 2 гектар гунаҳкор мекунад.

Дар ин нома ба омадааст, ки Давронов моҳи январи соли 2019 шарнома бастааст. Аммо асли шартнома аз соли 2010 аст.

Юсуф Саидзода, раиси Кумитаи замини Балҷувон дар ду тамоси телфони баҳона пеш оварда, нахост қазияро шаҳр диҳад.

Нигаронии боғбон ин аст, ки пас аз ҳукми суд ба фоидаи ӯ мақомдорони ноҳия мехоҳанд, замини боғашро бо дигар васила аз ӯ бигиранд. Иддаое, ки мақомоти ноҳия рад мекунанд.

Баҳси замин дар Тоҷикистон баҳси нав нест.

Сокинон дар ҳар шикояти худ аз дахолати кормандони мақомоти маҳаллӣ дар баҳсҳояшон шикоят мебаранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Яке захмӣ, дигаре зиндонӣ шуд. Идомаи баҳси замин миёни хешовандон дар Мастчоҳ. ВИДЕОТаъини раиси ҷамоат дар Кӯлоб ҷанҷол барангехт. Шаҳрдорӣ розист, Оҷонсӣ мухолиф аст. ВИДЕОДаъвои ду хонавода бо як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе. Кӣ ҳақ аст? ВИДЕОЗамини нобиноёнро ба соҳибкоре додаанд. Қарори раис бекор шуд, аммо ҷанҷол поён наёфт. ВИДЕОМардуми Ҳуснобод метарсанд, ки хонаҳояшонро боз вайрон мекунанд. ВИДЕО"Ин гуноҳи мардум нест". Баҳси фурӯши замин дар Кумитаи замин