Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ду хонавода бо як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе. Кӣ ҳақ аст? ВИДЕО


Чинигул Раҳимова ва Наргис Муҳаммадова, сокинони Душанбе бо як ширкати бинокорӣ баҳси додгоҳӣ доранд
Чинигул Раҳимова ва Наргис Муҳаммадова, сокинони Душанбе бо як ширкати бинокорӣ баҳси додгоҳӣ доранд

Ду хонавода дар шаҳри Душанбе бо вуҷуди се соли баҳсҳои додгоҳӣ наметавонанд аз ширкати бинокории “Камолот сохтмон” ҷуброни манзили тахрибшавандаи худро бигиранд.

Вакили дифои ин хонаводаҳо мегӯяд, ки дар пайи сохтакориҳои “Камолот сохтмон” ва маъмурони додгоҳӣ ширкати сохтмонӣ намехоҳад, маблағи ҷубронро пардохт кунад. Бад ин манзур вакили дифоъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кардааст, ки алайҳи маъмурони додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Масъулони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, ки мушкил сари соҳибхонаҳо ҳаст ва онҳо ҳеч кори ғайриқонунӣ накардаанд.

Баҳси Чинигул бар сари хонаи чор миллиона

Дар назди фурӯшгоҳи собиқи “Волна”, дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ду бинои 18-ошёнаи истиқоматии сохтмонаш нотамом қад афрохтааст. Аммо дар канори он ду ҳавлие мондааст, ки соҳибонаш ҳанӯз намехоҳанд манзили худро тарк кунанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Баҳси хонаву хонасозӣ дар Душанбе кай тамом мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Чинигул Раҳимова мегӯяд, ки шавҳараш ҳоло дар Русия бистарист ва бо навҳаи кӯчондани онҳо аз манзилашон розӣ нест. Вай афзуд, ки шавҳараш дар гузашта барои тиҷораташ аз “Тоҷпромбонк”, ки феълан муфлис ва барҳам дода шудааст, ду миллион сомонӣ қарз гирифта буд. Ҳоло, ба гуфтаи вай, “Тоҷпромбонк” даъво кардааст, ки ҳавлӣ ба унвони гарав моли ин муассиса аст ва бонк аллакай онро ба каси дигаре фурӯхтааст.

“Дар пайи даъвои мо Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳавлии моро 4 миллиону 60 ҳазор сомонӣ нарх кард. Шавҳарам ду миллион қарз дошта бошад, пас, ин маблағро бигиранду боқимондаашро бидиҳанд. Ду рӯз пеш фаҳмидам, ки бонк ҳавлии моро ба кадом як додситон фурӯхтааст, ки мехоҳад онро ба хушдоманаш тӯҳфа кунад. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур далелҳои моро ба инобат нагирифта, ҳукм кард, ки бояд аз ин манзил берун шавем.”,--гуфт Чинигул.

Наргис аз чӣ норизост?

Наргис Муҳаммадова, сокини дигари ин кӯча хонаашро аз модари нонвойаш соли 2019 ба мерос гирифтааст. Вай мегӯяд, ки ҳамроҳ бо бародару як хоҳараш, ҷамъ се оила дар 510 метри муррабаъ зиндагӣ мекунанд. Аммо, масъулони ширкати “Камолот сохтмон” бо сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ин хонаро ҳудуди 200 метри муррабаъ нишон дода, ҳоло намехоҳанд ҳатто ин маблағро барояш бидиҳанд. Ӯ гуфт: “Хонаи моро се миллион сомонӣ нарх мондаанд. Вале ин маблағро ширкат доданӣ нест. Чаро, намедонам, бояд худашон донанд. Аз номи одамони боло гап зада, корашон фишороварӣ аст. Дар қарори шаҳрдорӣ гуфта шудааст, ки розигӣ ва имзои соҳибмулконро гирифта, сипас бояд хона созанд. Ман дар ҳеч ҷой имзо нагузоштаам ва пул ҳам нагирифтаам. Аз ҳисоби замини хонаи мо бинои истиқоматии 18-ошёна сохта, даромади муфт гирифтанианд. Вале пули моро додан намехоҳанд”.

“Аз адвокат буданам пушаймон шудам”

Қиммат Розиева, вакили дифои ин ду хонавода мегӯяд, ки дар пайи баррасии қазияи онҳо аз ҳуқуқдон буданаш пушаймон шудааст. Зеро, ба гуфтаи вай, қонунгузории кишвар адолати судиро кафолат додааст, аммо бархурди кормандони суд мухолифи ин муқаррарот мебошад. Дар робита ба қазияи Чинигул Раҳимова вакили дифоъ гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур зимни баррассии даъвои ин хонавода ҳатто ба сохтакориҳо роҳ додааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, ҳуқуқдони собиқи “Тоҷпромбонк” феълан ба унвони ҳуқуқдони ширкати сохтмонии “Кафолат сохтмон” фаъолият мекунад. “Дар ҳалномаи суд имзои нафаре ба унвони хонуми соҳибмулк оварда шудааст, ки гӯё аз ҳаққи моликият ба ин ҳавлӣ даст мекашад. Мо собит кардем, ки ин мард ҳеҷ гоҳ бо ин зан ва зани дигаре ақди никоҳ накардааст ва худи он занҳоро низ пайдо кардем, вале додгоҳ баёноти ин занҳоро ба инобат нагирифт. Дар замони шӯравӣ чунин судя ҳатто як рӯз ҳам дар низоми додгоҳӣ ҳаққи кор кардан надошт. Ҳоло ман аз Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кардам, ки алайҳи чунин судяҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.”,--гуфт адвокат.

Посухи ширкат ба даъво

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати “Камолот сохтмон” дар як посух ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо бо Наргис Муҳаммадова созиш карданд, ки дар ивази манзилаш маблағи иҷораро дар бинои баландошёнаи навбунёд хоҳанд дод, аммо шартнома ба имзо нарасоида, Муҳаммадова “рӯз аз рӯз” далелҳои нав пешниҳод мекунад.

Дар мавриди хонаи Чинигул Раҳимова, ширкат навиштааст, ки хона мавриди баҳси додгоҳӣ буда, баъд аз баромадани ҳукм ширкат омодааст “бо таъмин намудани манзили нави замонавӣ бо пардохтҳои харҷотҳои сарфшуда уҳдадории худро иҷро намояд.

Дар Тоҷикистон баҳс бар сари замин ва манзили зист зиёд аст. Ин баҳсҳо ба ҳадде печидаанд, ки дарёфти воқеият ба мушкил даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG