Рейтерс: Мақомоти ИМА мехоҳанд "якбора ҳамаи пилотҳои афғонро" аз Тоҷикистон берун баранд

Халабонҳои афғон аз шароити нигаҳдориашон дар осоишгоҳи канори Душанбе шикоят кардаанд

Мақомоти ИМА изҳори умедворӣ карданд, ки базудӣ ҳамаи тахминан 150 халабони афғонистониеро, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар моҳи августи имсол дар Тоҷикистон паноҳ бурда, интизори кӯчидан ба ИМА мебошанд, интиқол медиҳанд.

Як мақоми департаменти давлатии ИМА ба шарти фош нашудани номаш дар сӯҳат бо хабаргузории Рейтерс гуфтааст, ки “мақомоти ИМА мехоҳанд ҳамаи халабонҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистонро дар як вақт ба ҷои дигар интиқол диҳанд”, вале аз додани ҷузъиёти нақша худдорӣ кард.

Дар як санатории Тоҷикистон беш аз ду моҳ аст, ки 143 халабон ё пилоти афғонистоние қарор доранд, ки дар ИМА таҳсил кардаанд. Илова ба онҳо 13 низомии дигари афғонистонӣ низ дар Тоҷикистон қарор доранд ва ҳамчунин мехоҳанд ба ИМА интиқол ёбанд. Ба навиштаи Рейтерс, ин нафарон "дар шароити сабуктар ба сар мебаранд".

Ба иттилои Радиои Озодӣ, гуруҳи 143-нафарии нозирону танзимгарони парвоз, муҳандисони ҳавопаймоҳо ва халабонҳои тамриндида аз ҷониби Амрико 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро 1-уми сентябр ба як осоишгоҳи канори Душанбе оварданд.

Яке аз халабонҳои фирории афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо бо 17 ҳавопаймои низомии навъҳои Cessna 208, AC-208 ва Pilatus PC-12, ки ба онҳо тааллуқ доштанд, тавассути марзи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон расиданд.

Ин халабонҳо дар интизори интиқол ба Амрико ҳастанд. "Толибон" қаблан гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Халабони ҳомиладор аз ташхис гузашт

Таваҷҷӯҳ ба сарнавишти норӯшани халабонҳои касбии нирӯҳои ҳавоии Афғонистон баъди он бештар шуд, ки маълум гардид, яке аз ду бонуи халабоне, ки дар ин ҳайат қарор доранд, ҳомиладор буда, қарор аст моҳи ноябр нахустфарзандашро таваллуд кунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ аз шароити нигаҳдорӣ дар осоишгоҳу кӯмаки нокофии тиббӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буд.

Рӯзи 21-уми октябр Радиои Озодӣ хабар дод, ки халабони ҳомилаи афғонро, ки 6-уми октябри имсол ба як бемористони канори Душанбе бурда буданд, пас аз ташхису табобат дубора ба осоишгоҳ, макони нигаҳдории даҳҳо халабони фирорӣ, овардаанд. Ӯ 27-сола аст. Яке аз ҳамроҳони ин зан ба Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки баъди муоинаи ӯ дар як таваллудхонаи шаҳри Душанбе ӯро бозпас оварданд. Ӯ гуфт: "Пас аз он ки пизишкон мутмаин шуданд, ба ҷони зан ва тифли батнаш хатаре нест, ӯро ба назди мо оварданд. Ҳоло дар интизори ба дунё омадани тифлаш аст."

Макони нигаҳдории халабонҳои афғон ва номи онҳо бо далелҳои амниятӣ нашр намешавад. Ин халабонҳо гуфтанд, ки азбаски дар ИМА касби ихтисос карда, барои ҳукумати Афғонистон кор кардаанд, бо омадани режими "Толибон" аз ҷонашон хатар доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Аз Кобул дасти холӣ омадем ва ҳоло дар ҳуҷраи танг ҳастем." Нақли халабонҳои фирории афғон дар ТоҷикистонХалабони ҳомилаи афғонро дар Тоҷикистон ба зоишгоҳ бурдаанд. Ӯ аз тақдири тифли ояндааш нигарон будСарнавишти норӯшани халабони ҳомилаи афғон дар як осоишгоҳи ТоҷикистонДаҳҳо низомии афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки "аз ояндаи худ нигарон ҳастанд"Халабонҳои афғон, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, аз Канада паноҳгоҳ хостаанд