Халабони ҳомилаи афғонро, ки дар яке аз осоишгоҳҳо дар Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешуд, ба таваллудхона бурдаанд. Ӯ ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" аз тақдири тифли ояндааш нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи зани 29-сола, дар маконе, ки ҳоло нигаҳдорӣ мешавад, ҳатто наметавонад аз назорати пизишкон ва санҷиши ултрасадоӣ (УЗИ) гузарад.
Баъд аз расонаӣ шудани ин хабар, "Рейтерс" рӯзи 10-уми октябр аз қавли наздиконаш навишт, зани халабони афғонро аз осоишгоҳ ба зоишгоҳ интиқол додаанд. Маълум нест, вай феълан дар кадом таваллудхона аст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ба дархости ин зан гуфтаанд, ҳангоми таваллуд ба беморхона мебаранд ва баъдан боз ба осоишгоҳ бармегардонанд.
Тамоси мустақим бо зани халабон ва 140 ҳамроҳи ӯ, ки ду моҳ пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, феълан номумкин аст. Мақомот бо далелҳои амниятӣ, макони онҳоро фош намекунанд. Хабаргузории "Рейтерс" аз қавли наздикони халабонҳо навиштааст, низомиёни фирории афғон дар яке аз осоишгоҳҳои берун аз Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.
Халабонҳои фирории афғон, ки дар Амрико таълим гирифтаанд, пештар аз Иёлоти Муттаҳида дархост карда буданд, ки онҳоро аз Тоҷикистон берун кашида, ҳаққи паноҳандагӣ медиҳад. Чун ба гуфтаи халабонҳо, дар сурати бозгашт ба Афғонистони зери назорати Толибон, ҷони онҳо дар хатар хоҳад буд.
Рӯзи 30-юми сентябр Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, аз сарнавишти халабонҳо ва низомиёни афғон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда буд. Пештар "Ройтерс" аз қавли манобеаш навишт, мақомоти амрикоӣ ба ҷамъоварии маълумоти биометрии тасдиқкунандаи шахсияти аъзои ин гурӯъ шурӯъ кардаанд. Айни ҳамин ҷараён ба гурӯҳи ҳамсони онҳо дар Узбекистон дар тарки ин кишвар мусоидат кардааст.
Мақомоти тоҷик дар бораи тақдири халабонҳои афғон ва макони нигоҳдории онҳо ҳеч гуна шарҳе намедиҳанд.