Як мансабдори Қирғизистон хост, посбонҳоро дар марз бо Тоҷикистон бештар кунанд

Октябр Урмамбетов

Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба идораҳои зери итоаташ дар вилояти Бодканд дастур додааст, ки чораҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон тақвият дода, шумораи посбонҳо ё патрулҳоро афзоиш диҳанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин хабар вокуниш накардааст.

Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Откябр Урмамбетов охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи наздимарзӣ бо Тоҷикистон қарор дошт.

Манбаъ бо такя ба дафтари матбуоти ВКД-и Қирғизистон навишт, "муовини вазир аз "Головной" дидан кард ва бо сохтмони биноҳои нав барои хидматчиёни нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуд."

"Головной" ё Маркази тақсими об аз иншооти баҳсӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Бишкек онро иншооти стратегии худ медонад, вале Душанбе ҳақ доштани худро ба он таъкид меварзад. Дарёе, ки аз он об ба заминҳои кишоварзӣ тақсим мешавад, ҷониби Тоҷикистон "дарёи Исфара" ном мебарад ва ҷониби Қирғизистон "Оқсу" мегӯяд. Дарозии он 107 километр аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Головной" дубора мавзӯи баҳс мешавад? Нигарониҳо аз хандақҳои ду тарафи об. ВИДЕО

Сабаби рафтани муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ба минтақаи наздимарзӣ бо Тоҷикистон дар ин шабу рӯз маълум нест, аммо дар хабари расмӣ ба "таъмини амният дар остонаи интихоботи порлумонӣ" ишора шудааст. Интихоботи порлумонии Қирғизистон 28-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километрро мушаххас ва нишонагузорӣ кардаанд.

Охири моҳи апрели имсол дар сарҳади ду кишвар муноқишаи хунин сар зад, ки аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Ҷонибҳо якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор карданд.

Баъд аз муноқиша, муносибати Душанбе ва Бишкек ба сардӣ печид. Ҳоло Қирғизистон марзҳои худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста, Душанбеву Бишкек тақрибан додугирифти молӣ надоранд, ҳарчанд раҳбарони ду кишвар дар чанд маврид бо якдигар вохӯрда, музокирот барои таъину нишонагузории марз идома дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Орзуям боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст." ВИДЕОҲукми абади ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон "аз нав баррасӣ мекунанд"Марзбонони Тоҷикистон "боздошту омодабош" дар марзи Қирғизистонро рад кардандЗахмиҳо ҳастанд. Сангандозӣ дар як деҳаи наздимарзии Тоҷикистон бо ҚирғизистонДипломатияи "гузаштҳо". Чӣ гуна Тоҷикистон 10 сол пеш порае аз заминашро ба Чин дод?Миробҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсими об дар деҳаҳои наздисарҳадӣ созиш кардаанд