Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миробҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои тақсими об дар деҳаҳои наздисарҳадӣ созиш кардаанд


Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон

Миробҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар мавриди тақсим ва истифодаи обҳои минтақа бо якдигар мувофиқа кардаанд. Ин созиш дар мулоқот миёни мақомоти обёрии ду ноҳияи ҳамсарҳад ҳафтаи гузашта дар Исфара ба даст омадааст.

Рустам Шомирсаидов, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии Исфара, 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо аз наҳри онҳо об мегирем, онҳо аз наҳру ҷӯйборҳои мо. Барои ҳамин, бо якдигар забон ёфта, мушкилро ҳал мекунем. Дар мулоқот тартиби истифода аз обро ҳаллу фасл кардем.”

Мақомоти ҳар ду тараф ҳар сол бар сари тақсими об бо ҳамдигар созиш мебанданд ва ба сурати умум риоя мекунанд. Имсол дар пайи низои мусаллаҳона дар Маркази тақсими оби “Головной”, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ баҷо гузошт, миробҳо истифода аз оби наҳру ҷӯйборҳои худро барои ҳамсояҳо манъ карда буданд.

Деҳаҳои бо ноҳияи Бодканд ҳаммарзи Исфара, аз ҷумла ҷамоати Чоркӯҳ, аз Торткӯли Қирғизистон об мегиранд. Ҳамзамон ҳафт рӯду наҳр ва ҷӯйбори Исфара заминҳои ноҳияи Бодкандро шодоб мекунанд.

Мувофиқи санади солҳои 1980-1982, обёрии тақрибан ҳашт ҳазор гектар замини кишоварзии Қирғизистон ва зиёда аз 21 ҳазор гектар замини Тоҷикистон аз дарёи Исфара муайян карда шудааст.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, гуфт, ин фасли тобистон сокинон дилпур набуданд, ки дар рӯзи навбаташон аз наҳри Торткӯл об мегиранд ё на. “Чунки гоҳе обро сар медоданд, гоҳе мебастанд”, -- мегӯяд ӯ.

Ҳоло дар поёни мавсими кишоварзӣ нав шудани тавофуқи истифодаи якҷоя аз обҳои минтақа байни Исфараву Бодканд сокинонро ба дубора сабз шудани боғу киштзорҳояшон хушбин кардааст.

Тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар марзи ду кишвар ҳамасола барои замин, барои обу роҳ ва чарогоҳ байни сокинони наздимарзӣ ҷанҷол сар мезанад.

XS
SM
MD
LG