Зиндагӣ дар кӯча. Бахтиёр ва ҳамтақдиронаш гуфтанд, ки чӣ гуна бехонаву дар монданд. ВИДЕО

Бахтиёр Тоҳирови 43-сола мегӯяд, ки солҳо боз дар инҷо зиндагӣ мекунад

Як таҳқиқот дар охири моҳи сентябри имсол маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, қариб 500 шахси бесарпаноҳ дар кӯчаву минтақаҳои касногузар зиндагӣ мекунанд. Муҳаққиқон ин афродро "қишри хеле осебпазири ҷомеа" меноманд. Мақомот вуҷуди онҳоро инкор намекунанд, вале мегӯянд, баъзе аз шахсони бесарпаноҳ барои гирифтани ёрӣ муроҷиат накардаанд.

"Нонро аз партовгоҳ мегирам..."

Бахтиёр Тоҳирови 43-сола дар айёми гармӣ ва хунукӣ дар як макони нимавайрона дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳашт сол пеш дар ҷустуҷӯйи кори беҳтар ба маркази вилояти Суғд омад ва дар инҷо монд. Ҳамсару се кӯдак дорад, вале барои хӯрондану пӯшондани онҳо азоб мекашад.

"Хонаву дар надорам. Зарфҳои пластикӣ ҷамъ оварда, мефурӯшам. Нонро аз партовгоҳ мегирам. Дигар чизе надорам. Шабҳо хунук мехӯрам, аммо чораи дигар надорам", -- нақл кард ӯ рӯзи 7-уми октябр.

Ба нақли Бахтиёр ӯ кафшергар аст ва муддате дар нерӯгоҳи "Сангтуда" низ кор кардааст. "Аз пайи даромади бештар шудам, вале кордиҳандаҳо фиреб доданд. Акнун бекору дарбадар ҳастам", -- мегӯяд ӯ. Дар айни замон тасдиқ мекунад, ки барои гирифтани кумак ба идораҳои давлатӣ муроҷиат накардааст.

Абдукарим Сайфиддинови 67-сола низ пас аз фавти ҳамсараш аз як деҳаи дурдаст ба Хуҷанд омада, бехонаву дар мондааст. Вай низ ба монанди Бахтиёр зарфҳои кӯҳнаи пластикӣ ҷамъ меорад ва дар як рӯз 30-40 сомонӣ, муодили 3 доллари амрикоӣ, кор мекунад.

Абдукарим Сайфиддинов мегӯяд, дар ин вагон зиндагӣ ихтиёр кардааст

"Аксар бесарпаноҳон мардони қобили кор ҳастанд"

Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талош доранд, ки ба чунин одамон дасти ёрӣ дароз кунанд. Созмони маҳаллии “Диёр” дар охири моҳи сентябри имсол бо кумаки Бунёди Нотабене ва ихтиёриён шахсони бесарпаноҳро дар Суғд муайян кард ва дар миёни онҳо пурсиш гузаронд.

Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони “Диёр” гуфт, пурсиш дар миёни сад шахси бесарпаноҳ ва дар чанд шаҳру ноҳияи Суғд баргузор шуд: "Дар рафти таҳқиқот маълум кардем, ки аксар бесарпаноҳон мардони қобили кор ҳастанд ва мехоҳанд, равиши зиндагии худро иваз кунанд. Беш аз 90 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ин тарзи зиндагӣ ба онҳо маъқул нест. Ҳамаашон мегӯянд, ба ёрии давлат ниёз доранд."

Баҳрӣ Абдураҳмонова

Аксар бесарпаноҳон зодагони Тоҷикистон буда, дар миёни онҳо шахсони бешаҳрванд ва хориҷӣ низ ҳастанд. Мегӯянд, шароити сахти рӯзгор, азҳампошии оила, вазъи пасти иқтисодӣ ва бехонаву бекор мондан онҳоро ба ин ҳол дучор кардааст.

"Дар ду сол 6 кас муроҷиат карду бас"

Масъулони идораҳои давлатӣ мегӯянд, дар ду соли охир танҳо 6 кас барои гирифтани кумаки тиббиву ҷойи зист ва ҳуҷҷат ба онҳо муроҷиат кардааст. ба қавли Муслиҳиддинхон Маҷидов, корманди Идораи ҳифзи иҷтимоии Суғд, "ба фикри ман, агар раисони маҳаллаҳову ҷамоатҳо рӯйхати чунин шахсонро пешниҳод кунанд, мо чора меандешем. Шояд санади ҳувият надоранд ё маъюб ҳастанду муроҷиат карда наметавонанд, дар он сурат, мо кумак мекунем ва дар ҷойҳои махсус фаро мегирем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳаёт дар кӯча

Коршиносон гуфтанд, яке аз мушкилии бунёдии ин одамон надоштани ҳуҷҷат аст. Биноан бояд нархи гарони ҳуҷҷат ва раванди шиносномадиҳӣ бозбинӣ шавад. Созмони "Диёр" бо ёрии мақомоти марбута ду сол пеш ба 20 шахси бесарпаноҳ дар гирифтани ҳуҷҷат кумак кардааст ва ин равандро хеле мушкилу мураккаб номида, мегӯяд, бояд ҳукумат низ ба ин кор таваҷҷӯҳ кунад.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, ду соли охир танҳо дар шаҳри Хуҷанд 30 шахси бехонумон дар кӯчаву гаражҳо ва ҷойҳои дигар фавтидаанд, ки синни миёнаи онҳо 35 будааст. Ба маълумоти Маркази ташхиси тиббиву додгоҳии вилояти Суғд, дар нимаи аввали соли 2021 аз ҳисоби пули давлат 12 бесарпаноҳро дафн карданд.