Идораи омори давлатии Узбекистон гуфт, ки дар шаҳри Тошканд дар муқоиса бо моҳи август дар паи афзоиши нархҳо арзиши оши палав 5,4% афзудааст. Дар вилояти Қашқадарё болоравӣ 2,5%, дар вилояти Тошканд 1,8% ва дар Хоразм 3,3 дарсадро ташкил додааст.
Ба навиштаи Радиои Озодлик, моҳи сентябр арзонтарин табоқи оши палавро дар Намангон хӯрдан мумкин буд. Ин ҷо бар ивази як табоқ ош беш аз 14 ҳазор сӯм ё муодили 1,4 доллар пул талаб мекарданд. Як килограмм оши палав дар Намангон 9,6 доллар буд. Дар Тошканд нархи палав қиматтар аз дигар ҷойҳо буда, барои як табақ 2,3 доллар ё барои як килограмм ош 16 доллар талаб мекарданд.
Дар Узбекистон аз соли гузашта ба ин сӯ қоидаи ҳисоби нархи оши палав ё таҳияи индекси палав роҳандозӣ шудааст. Мақомоти омори Узбекистон гуфтанд, ки дар бархе кишварҳо вобаста ба ғизои асосиву маъмули сокинони маҳаллӣ – мисли Big Mac Index ваё Olive Index вуҷуд дорад, ки аз рӯи он сатҳи таваррумро дар сатҳи мардумӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Оши палав ғизои маъмул ва асосии мардуми Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва онро дар ҳама маъракаҳои шодиву ғам таҳия мекунанд. Арзиши таҳияи он бо ҳисоби маҳсулоти асосии он – биринҷ, равғани растанӣ ва сабзӣ ҳисоб карда мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мушкили сабзӣ танҳо гиребонгири Тоҷикистон набудааст. ВИДЕОБаҳогузории оши палав дар Узбекистон: гаронтарин дар Тошканд, арзонтарин дар НамангонҶашнвораи палав дар Душанбе. Оши яктоннаӣ ба ҳама нарасидДар Душанбе оши яктоннаӣ пухтанд... ва хӯрданд. ВИДЕО, АКСПрезидент қоидаи озмуни палавхӯриро тағйир дод. АКС, ВИДЕОТобистони соли ҷорӣ Тоҷикистон ва аксар кишварҳои ОМ аз 700 баробар гарон шудани нархи сабзӣ нигаронӣ карда гуфтанд, ки ин ҳолат ба нархи оши палави ҳар хонадон таъсиргузор шуд. Дар Тоҷикистон сохторҳои давлатӣ шохис ё индекси оши палав барпо намекунанд, вале чунин ҳисоб дар хонаводаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад, чун болоравии қимати ғизо яке аз дардноктарин масъалаҳо барои хонаводаҳое ба шумор меравад, ки бо даромади кам зиндагӣ мекунанд. Ҳар нафари сеюм дар Тоҷикистон зери хати фақр аст.
Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, агар моҳи апрели имсол нархи як табоқ оши палав дар ошхонаи маъмулии шаҳри Душанбе 20-22 сомонӣ ё муодили 2 доллар арзиш дошт, дар моҳи сентябр то 27-33 сомонӣ ё 2,4 доллар афзуд. Болоравии нархи оши палавро ҳам ба афзоиши маҳсулоти он ва ҳам гарон шудани нархи газу бензин рабт медиҳанд.
Дар рӯзҳои охири моҳи сентябр дар бозорҳои Душанбе нархи миёнаи як кило биринҷи ош, вобаста ба навъаш 12-18 сомонӣ, 1 литр равғани офтобпараст – 25 сомонӣ ва як кило сабзӣ 3,3 сомониро ташкил медиҳад.
Оши палав ғизои маҳбуби мардуми маҳаллӣ ба шумор меравад ва бо талошҳои мақомот, соли 2016 идораи илму фарҳанги СММ оши палавро шомили феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ кард.