Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент қоидаи озмуни палавхӯриро тағйир дод. АКС, ВИДЕО


Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба вилояти Суғд, панҷшанбеи 25 октябр президенти Тоҷикистон дар ҷашнвораи ғизоҳову ҳунарҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ иштирок кард.

Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои қадам ниҳоданаш ба ҷашнвора бо ҳунармандон ва деҳқонон ҳамсуҳбат шуд ва ба рӯзноманигорон анору асал ва гарди гул ҳадя кард. Ба ҷашнвора рӯзноманигорони узбеку рус ва қирғиз низ даъват шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон шарти озмунро тағйир дод ва риояти фарҳанги таомхӯриро дар ҷои аввал гузошт. Ӯ бо шӯхӣ ба паҳлавонони сари табақҳои палав гуфт, ки бубинанд, аз талаботи меъдаи худ зиёд истеъмол накунанд, ки истеъмоли зиёд зарар дорад.

Ӯ зимни суҳбат бо рӯзноманигорони узбек аз Самарқанди Узбекистон аз барқарор шудани равобити сиёсиву фарҳангии миёни ду мардум ситоиш кард. Ӯ гуфт: “Урфу одат, расму оинҳои мо монанд аст. Аз ин мардумонамон бояд истиқбол кунанд, аз ҳамдигар биёмузанд. Ҳадаф ҳамин. Хуш омадед.”

Ҷашнвора дар саҳни Қасри Арбоби Хуҷанд доир гардид. Дегҳои оши палав, растаҳои меваю сабзавот, харбузаву тарбузу, ангуру анору себ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ саҳни Қасри Арбобро зеб медод. Президент дар ин маърака бо ҳунармандон суҳбатҳо мекард ва аз асрори ҳунари дастиву зиндагии онҳо мепурсид.

Президент қоидаи озмуни палавхӯриро тағйир дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Дар ҷашнвора намояндагони шаҳру ноҳияҳои Суғд намунаҳои меваю сабзавот, ҳунарҳои хос ва шириниҳои миллиро ба маърази намоиш гузошта буданд. Ҳамчунин ошпазҳо саргарми пухтани палав буданд.

Наботу нишоллопазон дегҳои ширинии худро гузошта таҳияи ин хӯриши қадимаи мардумиро намоиш медоданд. Муҳаммадрасул Муъминов, овозхони ҷавон аз Хуҷандро, ки аз авлоди наботпазон аст, президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирон муаррифӣ кард.

Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва аз нигоҳи коршиносон, ин кишвар бо табиати хосу нотакрори кӯҳистонӣ, меваю сабзавоти аз нигоҳи экологӣ ва ген тозаву дастнохӯрда ва ҳунарҳои дастии мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳон ва ҷаҳонгардонро ҷалб кунад.

Дар Хуҷанду Душанбе ва манотиқи дигари кишвар баргузории намоишу ҷашнвораҳои ҳунарҳои миллӣ, меваю сабзавоти маҳаллӣ ва маҳсулоти тавлидотӣ аз онҳо ба як анъанае табдил шудан дорад.

Фарзона, шоираи тоҷик мегӯяд, аз дидани ин ҷашнвора, ки ба гуфтааш “Нигористони самар”, ки неъматҳои табии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, хушаш меояд. “Аз ҳамаи ин растаҳову кӯйҳои гулгардону мевабандон ман гузар мекунам ва эҳсоси бузурги шодӣ дорам. Барои он ки 27 сол муқаддам ин ҷо оши оштӣ дода буданд ва дастҳо суи дастҳо рафтанд ва оғушҳо боз шуданд ва Тоҷикистони азизи мо шаҳодатномаи нави мелод гирифт.”

Озмуни палавхӯрӣ ва насиҳати президент

Як қисмати ҷолиби ҷашнвора баргузории озмуни “ошхӯри беҳтарин” буд ва шарти асосӣ кӣ аз ҳама зиёд палав истеъмол мекунад. Дар озмунҳои қаблӣ истеъмолкунандагон барои аз ҳама пеш холӣ кардани табақи бузурги пури палав талош мекарданд.

Ин навбат Эмомалӣ Раҳмон шарти озмунро тағйир дод ва риояти фарҳанги таомхӯриро дар ҷои аввал гузошт. Ӯ бо шӯхӣ ба паҳлавонони сари табақҳои палав гуфт, ки бубинанд, аз талаботи меъдаи худ зиёд истеъмол накунанд, ки истеъмоли зиёд зарар дорад.

Зимнан, шаҳри Хуҷанд соли 2016 аввалин мизбони озмуни палавзхӯрӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол як дафъа дар ҷашнвораи вижа беҳтарин ошпазҳо аз кунҷу канори вилоят ҷамъ омада, оши палав мепазанд ва дӯстдорони ин ғизои миллиро ба озмуни беҳтарин хӯрандаи ош даъват мекнунанд. Шарти аслии озмун дар фурсати кӯтоҳ хӯрдани як табоқ ош мебошад. Ин озмун баъдан дар нуқоти дигари Тоҷикистон ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Дар Хуҷанд ҷашни оши палаву асалу харбуза барпо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

XS
SM
MD
LG