Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе оши яктоннаӣ пухтанд... ва хӯрданд. ВИДЕО, АКС


Акс аз Абдураҳмон Раҳмонов, хабаргузории "Авесто"
Акс аз Абдураҳмон Раҳмонов, хабаргузории "Авесто"

Ҳафт таббохи шинохта дар шаҳри Душанбе дар деги бузург як тонна оши палав пухта ва онро рӯзи 10-уми ноябр дар боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ба мардум пешниҳод карданд.

Ҷашнвораи палав дар Душанбе. Оши яктоннаӣ ба ҳама нарасид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷашнвораҳои гузаштаи оши палав ин ғизои миллӣ дар дегҳои нисбатан хурд таҳия мешуд. “Фарқи аслии ҷашни имсола таҳияи оши яктоннаӣ аст”, - гуфт ӯ.

Аллакай дег холӣ шудааст
Аллакай дег холӣ шудааст

Таҳияи палави яктонанаӣ нимишаби 10-уми ноябр шуруъ шуда, раҳбарии онро таббохи маъруф Содирҷон Муҳаммадҷонов бар уҳда дошт. Ӯ гуфт, барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз истифода шудааст. Муҳаммадҷонов мегӯяд, таҳияи палави яктоннаӣ таҷрубаи нахустини ӯст.

Бузургтарин деги оши палав рӯзи 8-уми сентябри соли гузашта дар Узбекистон таҳия шуда ва ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил гардида буд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки вазни оши таҳиякардаи онҳо ҳафт тонна буд ва онро панҷоҳ таббох дар тӯли шаш соат омода карданд.

Дар оши рекордӣ тақрибан 2 тонна гӯшт, наздики 700 кило равған, тақрибан ду тонна биринҷ, 2 тоннаву 700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз ва 700 кило нахӯд, зира, мӯрчи сиёҳ ва зирк истифода шудааст.

Ду сол пеш ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, оши палавро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст.

Зимнан, шаҳри Хуҷанд соли 2016 аввалин мизбони озмуни палавхӯрӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол як дафъа дар ҷашнвораи вижа беҳтарин ошпазҳо аз кунҷу канори вилоят ҷамъ омада, оши палав мепазанд ва дӯстдорони ин ғизои миллиро ба озмуни беҳтарин хӯрандаи ош даъват мекунанд. Шарти аслии озмун дар фурсати кӯтоҳ хӯрдани як табоқ ош мебошад. Ин озмун баъдан дар нуқоти дигари Тоҷикистон ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Охири моҳи октябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд шарти озмунро тағйир дод ва риояи фарҳанги таомхӯриро дар ҷои аввал гузошт. Ӯ бо шӯхӣ ба паҳлавонони сари табақҳои палав гуфт, ки “истеъмоли зиёд зарар дорад”.

XS
SM
MD
LG