Дар даҳ рӯзи охир тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон кӯшиш кардаанд, ки ба хоки Тоҷикистон гузаранд. Мақомот дар вилояти Хатлон гуфтанд, ба тақрибан сад зану кӯдак иҷозаи даромадан дода шуд, аммо беш аз сад мард ҳаққи вуруд пайдо накарданд.
Гуруҳи "Толибон" дар миёнаи моҳи августи имсол Кобулро ишғол кард. Бо авҷи ҷангҳо дар Афғонистон, мақомоти Тоҷикистон аз пеш гуфта буданд, эҳтимол паноҳандагони зиёде вориди кишвар шаванд. То ин дам садҳо паноҳанда аз хоки Тоҷикистон ба кишвари сеюм бурда шуда ё дубора ба Афғонистон пас фиристода шуданд.
"Аз чанд минтақа мехостанд, ки биоянд"
Як манбаъ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон рӯзи 15-уми сентябр бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар даҳ рӯзи охир се бор талоши убури паноҳандагон ба хоки Тоҷикистон сабт шудааст". “Онҳо аз чанд минтақаи гуногуни марз мехостанд, ки ворид шаванд. Мардон қабул нашуданд, вале баъзе аз занону кӯдаконро роҳ доданд”,--гуфт ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Халабонҳои афғон, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, аз Канада паноҳгоҳ хостаандАммо ин мансабдор дар бораи ин ки наздики сад кас паноҳандаи афғон феълан дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот надод. Як мақомдори дигар гуфт, онҳо пас аз исти кӯтоҳ дар Бохтар ба Душанбе бурда шудаанд.
Дар се моҳи охир мавзӯи паноҳандагони афғонистонӣ ба Тоҷикистон доғ шудааст. Дар моҳи июн ва июл мақомот аз ақибнишинии низомиёни ҳукумати Афғонистон ба хоки Тоҷикистон расман хабар дода буданд, аммо пас аз тасарруфи ин кишвар аз ҷониби “Толибон” дар бораи вуруди паноҳандагон иттилои расмӣ нашр намешавад. Мақомот дар бораи ин мавзуъ суҳбат намекунанд ва макони будубоши паноҳандагони афғонро пинҳон медоранд.
Чаро шумораи паноҳҷӯёнро намегӯянд?
Як мансабдори дигари интизомӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сабаб боис шуд, то аз нашри омори паноҳандагон ва аз қабули теъдоди зиёди онҳо худдорӣ шавад.
“Президенти кишвари шарики мо Владимир Путин гуфта буд, ки паноҳандагонро ба кишварҳои Осиёи Миёна наоранд ва мустақим ба кишварҳои худашон баранд. Дигар мақомоти мо эҳтиёткор шуд. Аз тарафи дигар хавф аст, ки агар пеши роҳи гурезаҳо боз шавад, ба ҳадде марзи моро убур мекунанд, ки дигар тавони пеши роҳашро гирифтан надорем”, -- афзуд ӯ.
Ин мақом, ки дар яке аз ниҳодҳои қудратӣ масъули пазироии паноҳандагонро ба дӯш дорад, гуфт, бар асоси ҳисобҳои тахминии онҳо агар Тоҷикистон дарҳояшро боз гузорад, “беш аз як миллион нафар аз шимоли Афғонистон ба ин кишвар хоҳанд омад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фаришта ва Савсан гуфтанд, ки чӣ гуна аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. ВИДЕОӮ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуд: “Мо дар вилояти Хатлон, агар созмонҳои байналмилалӣ кумак кунанд, қариб 40-50 ҳазор нафарро қабул карда метавонем. Лекин тарси асосӣ ин аст, ки агар роҳ боз шавад, дигар пеши роҳи муҳоҷиратро гирифта намешавад. Эҳтимоли рахна шудани марз вуҷуд дорад, ки баъдан аз он террористон метавонанд истифода кунанд.”
Мақомот рад намекунанд, чанд гуруҳро, ки дар ҷазираҳои воқеъ дар канораҳои рӯдхонаи Панҷ буданд, қабул накарданд ва онҳо дубора ба хоки Афғонистон пас гаштанд.
Мардум чӣ назар доранд, мақомот чӣ мегӯянд?
Мирзо Нозимов, як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мегӯяд, хабари пас гардондани паноҳандагонро шунидааст. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба теъдоде аз шаҳрвандон, ки ҷонашон дар хатар аст, паноҳандагӣ медод. “Худи мо дар давраи ҷанг дар ин кишвар гуреза шуда будем. Хуб буд ё бад, ки роҳ доданд. Он замон дар кишвари онҳо ҷанг буд. Шукр, дар мо тинҷӣ аст. Ба фикрам, хубтар аст, ки гурезаҳоро роҳ диҳанд”, -- гуфт ӯ.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон пештар гуфта буд, ки барои паноҳандагон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон урдугоҳ месозанд. Рӯзи 13-уми сентябр дар дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гуфтанд, корҳо дар ин паноҳгоҳ дар арафаи анҷомёбист, аммо гуфтанд, ҳоло дар он ҷо ягон паноҳанда нигаҳдорӣ намешавад.
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 14-уми сентябр дар иттилоияе гуфт, дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор фирорӣ аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Дар моҳи июн ва июл садҳо низомии афғон низ ба хоки Тоҷикистон паноҳ оварда, аммо дубора ба ватанашон пас гардонда шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раҳимзода: "80 хонавода аз Афғонистон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд"Ҳудуди ду ҳазор нафар охири моҳи август бо ҳавопаймо ба фурудгоҳи Кӯлоб оварда шуданд, ки ба гуфтаи мақомот пас аз даҳ рӯзи нигаҳдорӣ ба кишвари сеюм интиқол ёфтанд.
Буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст. Ҳазорон шаҳрванди Афғонистон бо тарс аз ҷонашон талош карданд, ки аз кишвар хориҷ шаванд.