Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, барои кӯмак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро кӯмаки башарӣ ихтисос медиҳад. Дар иттилоияи ин ниҳод аз рӯзи 14-уми сентябр гуфта мешавад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, то 5 ҳазор фирориён аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки 80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ "аз тарсу ваҳми қасди кушторашон" мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар "минтақаи дахлнопазир"-и сарҳад ҳастанд. Минтақаҳои "ҳоил" ё "дахлнопазир" асосан дар сарҳади вилояти Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Тахор, Кундуз ва Балхи Афғонистон ҷойгиранд.
Эълони ИА дар бораи кӯмаки башарӣ ба паноҳҷӯён дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Рамазон Раҳимзода дар ҳамон мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал оид ба паноҳандагон (UNHCR) аз набуди ёриҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба фирориёни кишвари ҳамсоя дар давоми «20 соли гузашта» шикоят карда инро сабаби аслии дасткӯтаҳии ҳукумати Тоҷикистон дар ёрӣ ба ин қишри осебпазир номида буд. Ҳарчанд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо ҳадафи бунёди урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 гектар замин ҷудо кардааст.
Дар изҳороти ахири ИА аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки кӯмакҳои пулии ин ниҳод барои таъминоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокворӣ, хайма ва ашёи рӯзгор, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бештари фарориён дар ҳафт дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон равона мешавад. Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.
Дар изҳороти ИА бо такя ба UNHCR – Дафтари СММ дар умури паноҳандагон пешбинӣ шудааст, ки «то охири соли 2021 метавонад дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад». Тоҷикистон бо Афғонистон 1357 километр марзи муштарак дорад.