Як гуруҳ аз занон дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон, ба кӯчаҳо баромада, хоҳони ҳифзи ҳуқуқи худ шуданд. Тазоҳурот 6-уми сентябр баргузор шуд. Бино ба аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, занон дар даст шиори "Мо хоҳони иштирок дар ҳаёти сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо ҳастем" ва "Поймолшавии ҳуқуқи зан баробар ба поймолшавии ҳуқуқи инсон"-ро доштанд.
Созмондиҳандаи роҳпаймоӣ, Шукрия Раҳимӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни "Толибон" бо истифода аз зӯр занҳоро пароканда карда, эътирозгарон ва хабарнигоронро латукӯб намуданд.
Чанде аз шоҳидон низ гуфтанд, иштиркодорони роҳпаймоӣ аз тарафи ҷангҷӯёни Толибон “таҳдид ва таҳқир шудаанд”. Аммо гурӯҳи тундрави исломӣ то ҳол хушунат алайҳи занони норозиро дар Мазори Шариф шарҳ надодааст.
Дар чанд рӯзи гузашта чунин роҳпаймоиҳо бо ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи занон, даъват ба баробарҳуқуқӣ ва адолат, демократия ва арзишҳои дигар дар шаҳри Кобул ва Ҳирот низ баргузор шуд. Ҷангҷӯёни “Толибон” рӯзи 4-уми сентябр дар Кобул барои пароканда кардани даҳҳо зан аз гази ашковар истифода карда, ба ҳаво тир кушоданд. Дар ин ҳодиса ба камияш як зан захмӣ шуд.
Самира Хайрхоҳ дар тазоҳуроти охир дар Кобул ширкат дошт. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи номуайяние гуфт, ки ҳоло занон дар Афғонистон паси сар мекунанд. "Чанд ҳафта аст, ки занон намедонанд, ба кор идома дода метавонанд ё не. Ҳатто намедонанд, ҳуқуқи бунёдӣ ва шаҳрвандӣ хоҳанд дошт ё не", -- гуфт ӯ.
Хонум Хайрхоҳ афзуд, "аз ин рӯ, лозим донистем, бояд ҷунбишеро ба роҳ монем, ки занон имкон дошта бошнад, дар бораи ҳуқуқи асосии худ ва он чӣ ки дар бист соли охир ба даст оварданд, садо баланд кунанд."
“Толибон” се ҳафта пеш аксар қисматҳои Афғонистонро, ба истиснои вилояти Панҷшер, ишғол карданд, вале ҳанӯз аъзои ҳукумати нави худро эълон накардаанд. Онҳо рӯзи шашуми сентябр дар бораи ишғоли Панҷшер ҳам хабар доданд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд хабарро рад кард.
Занҳо, ки дар замони ҳукумати “Толибон” дар солҳои 1996-2001 аз ҳамагуна ҳуқуқ маҳрум буданд, аз эҳтимоли такрори даврони бист сол пеш метарсанд. Онҳо аз эҳтимол дур медонанд, ки дар ҳукумати зери раҳбарии Толибон ба мансабҳо таъин шаванд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, рӯзи 6-уми сентябр ба суол дар бораи бархӯрди онҳо ба занон изҳороти қаблии худро такрор кард. Яъне, ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқи занонро дар чаҳорчӯби шариати Ислом риоя мекунанд, вале дақиқ шарҳ надод, ки манзураш чӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, мансабдорони соҳаи маорифи “Толибон” дар санаде, ки рӯзи 5-уми сентябр нашр шуд, гуфтанд, вақте синфхонаҳо ба духтарона ва писарона ҷудо шуданд, ба таҳсили духтарон иҷоза дода мешавад.
Инчунин, аз духтарони донишҷӯ талаб мешавад, ки ниқобро ба рӯяшон андохта, “абая” ном либоси исломиро ба бар кунанд. Фарқи “абая” аз бурқа, ки тақозои режими собиқи Толибон барои занон буд, дар он аст, ки рӯйи занонро пинҳон намекунад ва онҳо ҳангоми ҳаракат озодтар ҳастанд.