"Изҳороти Раҳмон дуруст ва қонунист!" Вокуниши Латифи Пидром ба паёми Ҳикматёр

Латифи Пидром дар нишасти "Гуфтугӯи тамаддунҳо", шаҳри Душанбе, 28-уми августи 2021

Латифи Пидром, раиси Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр, ҷангсолори ҷиҳодии афғонро “намакношинос” номид ва гуфт, ӯ суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро “нафаҳмидааст”.

Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи 27-уми август ба назари Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта буд, агар ҳаққи тоҷикон дар ҳукумати нави Афғонистон сарфи назар шавад, онро ба расмият намешиносад, вокуниш кард. Президенти Тоҷикистон ин нуктаи назарро дар суҳбаташ бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дар Душанбе дар миён гузошта буд.

Латифи Пидром дар навори видеоие, ки 30-уми август дар саҳифаи фейсбукаш нашр кард, бо тарафдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, “изҳори назари ӯ мубтанӣ (асосёфта) ба ҳама арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқӣ, ҳуқуқи шаҳрванди ва мисдоқҳои (санадҳои) байналмилалӣ буд. Изҳори назари рӯшан буд, мутобиқ ба эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар. Мутобиқи ин эъломия ҳеҷ касе ба унвони мақоми давлатӣ, ба унвони гурӯҳ ё ҳизб ҳақ надорад, ҳақ ва ҳуқуқи ақвоми дигарро дар ин сарзамин мавриди ҳамла қарор диҳад ва ҳазф кунад”.

Гулбиддин Ҳикматёр дар суханрониаш дар намози ҷумъа дар Кобул изҳороти Эмомалӣ Раҳмонро дахолат ба кори Афғонистон номида, гуфта буд, ки“ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред.”

Латифи Пидром мегӯяд, президенти Тоҷикистон ба умури Афғонистон мудохила накардааст, балки бар асоси қонунҳои байналмилалӣ аз ҳуқуқи башарӣ дифоъ кардааст, ки ин ҳақро ҳамчун раҳбари кишвари ҳамсояи Афғонистон дорад.

Ин сиёсатмадори афғонистонӣ аз Гулбиддин Ҳикматёр нафари "намакношинос" ном бурдааст, ки дар солҳои 90-ум аз дасти Толибон ба Тоҷикистон фирор карда буд ва “бо вуҷуди душманиаш бо ҳукумати Раббонӣ аз ӯ дар Тоҷикистон ба унвони меҳмон пазироӣ карданд.”

Ба қавли Латифи Пидром, баъдан Ҳикматёр ба Эрон рафт ва онҷо гуфт, ки ӯро Аҳмадшоҳ Масъуд мехост, бикушад. Ӯ гуфт, ҳар чанд Масъуд ӯро наҷот дод ва бо чархболҳои худ ба Тоҷикистон фиристод, вале ӯ “дуруғ” гуфт. Бо ишора ба ин, Пидром гуфтааст, ки аз чунин нафаре набояд ҳарфи солимро интизор буд.

Гулбиддин Ҳикмтёр замоне изҳорот дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми август дар мулоқот бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, гуфтааст:

"Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки “Толибон" аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд".

Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки низоми давлатӣ дар кишвари ҳамсоя бояд бар асоси иродаи мардум муайян карда шавад ва ба ҳукумат бояд ҳамаи ақаллиятҳои миллии кишвар, аз ҷумла тоҷикон шомил шаванд, ки ба гуфтаи ӯ, 46% аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Рӯзи 15-уми август Кобул аз ҷониби Толибон тасарруф шуд. Бо гузашти ду ҳафта ҳанӯз ин гурӯҳ ҳукумати худро ташкил надодааст ва ояндаи Афғонистон низ норӯшан аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон. Душанбе гуфт, дар Кобул чӣ гуна ҳукуматро дидан мехоҳад. ВИДЕОЭмомалӣ Раҳмон бо Эммануэл Макрон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст"Иҷоза диҳед, ба ҷанг равем". Вокунишҳо ба паёми ҷавонони Кӯлоб. ВИДЕОТАҲЛИЛ: "Толибон" дар давлатсозӣ ягона мемонанд ё ба қабилаҳо ҷудо мешаванд?“Эътироф нахоҳад кард!” Рамзу рози изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Афғонистон"Ҷудоӣ наандозед." Вокуниши Ҳикматёр ба ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқи тоҷикон"Толибон фурсатро аз даст доданд". Интизориҳо ва ноумедиҳо аз ояндаи Афғонистон