Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамтои фаронсавияш, Эммануэл Макрон, вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. Мақомот гуфтанд, суҳбати телефонӣ 25-уми август баргузор шуд.
Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо ҳам беш аз 1400 километр сарҳад доранд, даҳ рӯз боз зери итоати гурӯҳи "Толибон" аст, аммо ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Оқои Раҳмон дар суҳбат бо Макрон гуфтааст, "амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст. Имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ (башарӣ) қарор дорад.
Пас аз даҳ рӯзи вожгунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба дасти "Толибон", вазъ дар Афғонистон ҳамоно бӯҳронӣ мемонад. Ниҳодҳои давлатӣ амалан фалаҷ шуда, мардум дар ҳолати ноумедӣ қарор доранд. Рӯзона ҳазорон нафар тавассути парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба берун фирор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои дохили Афғонистон ва берун аз он рӯзи 25-уми август дар бораи таъини чанд собиқадори "Толибон" ба мақомҳои калидие чун вазири дифоъ ва молия хабар доданд.
Ба иттилои расмӣ, раҳбарияти Тоҷикистон дар суҳбат бо президенти Фаронса гуфтааст, Душанбе "ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор" бо нақши марказии ҳамоҳангсозии Созмони Милал аст.
Ҳукумати Тоҷикистон пас аз даҳ рӯзи ба дасти "Толибон" гузаштани назорати Афғонистон (ба ҷуз аз вилояти Панҷшер) мавқеи худро дар бораи дигаргуниҳо дар кишвари ҳамсоя баён кард. Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, Тоҷикистон мехоҳад, "бояд ҳарчи зуд як ҳукумати инклюзивӣ ё фарогир бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон таъсис дода шавад”.
Ба гузориши расонаҳо, ҳаракати "Толибон", ки дар бисёр кишварҳо ҳамчун як ниҳоди тундрав ва террористӣ манъ шудааст, мехоҳад, барои идора кардани Афғонистон як шӯрои иборат ва 12 нафарро таъсис диҳад.