Ашраф Орзуев, молики як ошхона дар Боғи истироҳатии ноҳияи Раштро бо гуноҳи задани Саъдулло Худоёров, бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Ҷунайдулло Худоёров, ба пардохти 7500 сомонӣ ҷуброн маҷбур кардаанд. Қарори додгоҳи ноҳияи Рашт рӯзи 25-уми август эълон шуд.
Бар илова, ӯ вазифадор шудааст, ба буҷаи давлат низ 30 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан се ҳазор доллар, ҷарима пардозад.
Як корманди додгоҳ 28-уми август бе зикри ном гуфт, мурофиаи ниҳоӣ таҳти раёсати додрас, Абдулҳаким Холиқзода, ба таври боз баргузор шуд ва “Орзуев изҳори пушаймонӣ кард”.
Феълан назари Орзуев маълум нест, вале ӯ пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Саъдулло Худоёров ва як ҳамроҳаш дағалона рафтор карданд ва ман ҳам ҷавобашонро додам."
Додситон ӯро ба авбошӣ муттаҳам карда, пардохти 66 ҳазор сомонӣ ҷаримаро талаб карда буд.
Саъдулло Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯяд, 24-уми май ҳангоми дар боғ будан аз сӯйи Ашраф Орзуев латукӯб шудааст. "Дашном дод. Гапамон гурехт. Чаҳор кас ҷамъ шуданд ва Ашраф ба сару рӯйи ман 3-4 мушт зад. Ҷавобаш надодам ва гуфтам, дар идораи милиса ҳал мекунем. Як нафари дигарашон аз қафо зад", -- нақл карда буд ӯ.
Аммо Ашраф Орзуев ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар рӯзи ҳодиса ошхонаи дохили боғро тоза мекард ва Саъдулло Худоёрову як ҳамроҳашро барои ворид шудан ба ошхона иҷозат надод: "Аввал вай ҳақорат кард, баъд ман. Онҳоро назадам, шоҳидон ҳастанд. Маро заданд, ман ҳам хостам занам, рафиқаш намонд. Гуфтем, ки рафтем дар раёсат масъаларо ҳал мекунем."
Навор аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷунайдулло Худоёров, бародари Саъдулло Худоёров, гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ буд ва дар аввал бовар надоштанд, ки Ашраф Орзуев муҷозот мешавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт Саъдулло Худоёровро ба “авбошӣ” муттаҳам кард.
"Ин моро ноумед карда буд, вале пас аз муроҷиатҳои мо ба мақомот ва бозтоби ҳодиса дар расонаҳо Ашраф Орзуевро ҷазо доданд”, -- гуфт Худоёров.
Дар ҳоли ҳозир дар Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи куштори Алиризо Худоёров, додарзодаи Саъдулло Худоёров ва Ҷунайдулло Худоёров, ки рӯзи 11-уми июл ҳангоми муноқиша дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт кушта шуд мавриди баррасӣ қарор дорад.
Хонаводаи Худоёровҳо ҳамвора аз камбудҳои мақомот дар Рашт танқид мекарданд ва бовар доранд, ҳодисаи пайопай фишор ба онҳо аст.