Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт Саъдулло Худоёров, як сокини ин ноҳияро, ки гуфта буд, латукуб шудааст, ҷабрдида эътироф намудааст ва нисбат ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Рӯзи 24-уми май 4 нафар дар Боғи ноҳияи Рашт Саъдулло Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро латукуб карда, ба ҷоғашро шикастаанд.
Таҳмина Ризоева, муфаттиши Раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт рӯзи 2-уми июн дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба ин ҳодиса бо гумони “авбошӣ”, моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Ӯ гуфт, рузи 1-уми июн дар беморхонаи “Қарияи Боло” бо Саъдулло Худоёров суҳбат кардаанд ва баъди ин ӯ ҷабрдида дониста шудааст.
“Ҳамаи нишондодҳоро аз вай гирифтем ва акнун ба гумонбаршудаҳо пурсиш анҷом медиҳем ва кӯшиш дорем, ки то поёни ду моҳи дигар парвандаро ба додгоҳ расонем”,--гуфт ӯ.
Ҳанӯз гумонбарони ҳамла ба Худоёров дастгир нашудаанд. Муфаттиши парванда гуфт, ки тасмим пас аз пурра шудани гирифта хоҳад шуд.
Бар пояи моддае, ки ҳоло айб эълон шудааст, қонун аз 1000 то 2000 сомонӣ ҷарима (60 сомонӣ дар як моҳ) ва ё ҳабс ба мӯҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Назари онҳое, ки дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешаванд, ҳанӯз дастрас нашудааст.
Саъдулло Худоёров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан тамоми ҷузъиёти ҳодисаро ба Таҳмина Ризоева, муфаттиши парванда нақл кардааст. “Ҳодисае, ки ба ман рӯх дод, рӯзи 24-уми май, тақрибан як ҳафта пеш буд. Мо муроҷиат кардем, вале таваҷҷуҳ накарданд. Замоне, ки Радиои Озодӣ гузориш пахш кард, баъд мақомоти тафтишотӣ ба суроғи ман омаданд. Ман изҳори сипос мекунам аз кормандони Озодӣ”,--гуфт Саъдулло Худоёров.
Видеои суҳбат бо Саъдулло Худоёров аз 31-уми май:
Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷунайдулло Худоёров, шикоят карда буд, ки кормандони Боғи шаҳраки Ғарм ӯро заданд, аммо мақомот чора намеандешанд. Ҷониби дигари баҳс иддао дорад, ки Саъдулло Худоёров ҷанҷолро сар кард ва онҳо танҳо "посух" доданд.
Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаи охир фишори навбатӣ ба оилаи онҳо аст.