Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 20-уми август дар Вашингтон гуфт, то ҳол 13 давлат барои қабули муваққатии паноҳҷӯёни афғон, ки бо омадани Толибон ҷонашон дар хатар аст, изҳори омодагӣ карда, даҳҳо давлати дигар барои хидмат ба унвони кишвари транзитӣ дар берун бурдани мардум ва муҳимот аз Афғонистон ёрӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузориҳои ғарбӣ иттило доданд.
Ба иттилои Блинкен, дар миёни кишварҳое, ки омодаанд ба ҳайси нуқтаҳои транзитӣ хидмат кунанд, Баҳрайн, Бритониё, Дания, Олмон, Итолиё, Қазоқистон, Кувайт, Қатар, Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Узбекистон мебошанд. Нед Прайс, сухангӯи котиби давлатии ИМА афзуд, ки ин кишварҳо аллакай ҳоло барои интиқоли амрикоиҳову дигар гурӯҳҳо мусоидат мекунанд.
Кишварҳое, ки омода шуданд то замони дарёфти визаи паноҳандагии шаҳрвандони Афғонистон барояшон сарпаноҳи муваққатӣ бидиҳанд, Албания, Канада, Колумбия, Коста Рика, Чили, Косово, Македонияи Шимолӣ, Мексика, Полша, Қатар, Руанда, Украина ва Уганда мебошанд. ИМА ва чанд кишвари аврупоиву ғарбӣ гуфтанд, ки омода ҳастанд ба он гурӯҳи афонистониҳое, ки дар ин бист соли охир бо нирӯҳои хориҷӣ ва ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ карда ҳоло бо омадани Толибон ҷонашон дар хатар аст, паноҳандагӣ бидиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нишастани ду ҳавопаймои ҳарбӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон хона ба хона гашта, ҳамкорони ИМА ва НАТО-ро меҷӯянд
Исми Тоҷикистон дар ҳоле ёд мешавад, ки мақомоти тоҷик дар робита бо таҳаввулоти наздиктарин ҳамсояаш Афғонистон ва миқёси ҳамкориҳояш бо нирӯҳои ИМА, ки баъди 20 соли Афғонистонро тарк мекунад ва як шарики муҳими сиёсиву низомиаш ба шумор меравад, хабар нашр намекунад. Инчунин маълум нест, ки то куҷо хабарҳо дар бораи дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон поин омадани ҳавопаймоҳои низомӣ ба саҳми Душанбе дар кӯмак ба барномаи интиқолҳои транзиии амрикоиҳову нирӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон рабт дорад.
Аз ҷумла, Радиои Озодӣ шоми 20-уми август хабар дод, ки ду ҳавопаймои бузурги ҳарбӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб нишаст карданд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳавопаймоҳо сарбозони Туркия оварда шудаанд, вале рӯшан нест, ҳавопаймо аз Афғонистон омадааст ё Туркия.
Мақомот дар Тоҷикистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.
15-уми август ҷангиёни Толибон шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро ишғол карданд ва ҳамакнун аксар қаламравҳои ин кишвари ҷангзада зери назари гурӯҳи усулгарои исломӣ гузаштааст. Ин ҳолат боиси тарсу нигаронии садҳо ҳазор сокини мулкии Афғонистон шуд, ки аз солҳои ҳукмронии ин гурӯҳ дар Афғонистон дар давраи солҳои 1996-2001 хотироти мудҳише доранд. Бисёриҳо талош доранд кишварро тарк кунанд, чунки бовар доранд Толибон аз паи қассосгирии онҳое мешаванд, ки бо давлати Афғонистон, низомиёни хориҷӣ ваё ҳукуматҳои ғарбӣ ҳамкорӣ кардаанд.