Шоми имрӯз, 20-уми август, яке аз пайи дигар, ду ҳавопаймои бузурги ҳарбӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб нишастанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳавопаймоҳо сарбозони Туркия оварда шудаанд, вале рӯшан нест, ҳавопаймо аз Афғонистон омадааст ё Туркия.
Пештар гумон мерафт ҳавопаймоҳо аз Афғонистон паноҳҷӯёнеро оварда бошанд, ки пас аз гирифта шудани Кобул аз тарафи ҳаракати тундрави Толибон Афғонистонро тарк мекунанд.
Ба маълумоти шоҳидон ва расонаҳо, ҳазорон нафар дар Фурудгоҳи байнулмиллии Кобул, ки таҳти ҳимояти нерӯҳи амрикоист, талош доранд, аз Афғонистон раванд. Намояндагони ИМА ва НАТО гуфтаанд, аз замони ишғол шудани Кобул аз тарафи Толибон то ҳоло 18 ҳазор нафарро аз Афғонистон берун бурдаанд.
Дар ин байн хабар мерасад, ки Толибон роҳҳои расидани шаҳрвандон ба фурудгоҳи Кобулро баста, барои пайдо кардани кормандони ҳукумати пешина ва ҳамкорони неруҳои хориҷӣ "рӯйхати сиёҳ" омода кардаанд. Онҳо хона ба хона гашта, афроди муайянеро меҷӯянд, то ҷазо диҳанд. Дар сурати пайдо накардани чунин афрод, аъзои хонаводаи онҳоро муҷозот мекунанд.
Хабар бо дарёфт шудани маълумоти нав пурра карда мешавад.