Толибон ҷустуҷӯи шаҳрвандони Афғонистонро, ки ба ИМА ва НАТО кумак мекарданд, суръат бахшидааст. Дар ин бора дар санаде гуфта шуда, ки барои СММ таҳия ва нусхаи он дастраси Би-би-сӣ ва The New York Times ҳам гаштааст.
Расонаҳо менависанд, ҷангҷӯёни Толибон рӯйхат ва нишонии шахсонеро доранд, ки бо амрикоиҳо ҳамкорӣ доштанд. Онҳо мехоҳанд, ин афродро "бозпурсӣ ва шиканҷа" кунанд.
"Агар худи он одамро наёбанд, аъзои хонаводаашро ба ҳабс ё қатл таҳдид мекунанд. Аз ҳама бештар онҳое дар маърази хатар қарор доранд, ки дар ниҳодҳои тафтишотии ҳукумати сарнагуншуда кор мекарданд. Аз ҷумла, онҳое, ки ҳоло дар фурудгоҳи Кобул қасди тарки Афғонистонро доранд, дар рӯйхати "сиёҳ" мебошанд", - омадааст дар санад.
Ҳаракати Толибон рӯзноманигоронро ҳам ҷустуҷӯ дорад. Ҷангҷӯёни ҳаракат яке аз наздикони рӯзноманигори расонаи Deutsche Welle-ро дар ғарби Афғонистон кушта, як тани дигарро захмӣ кардаанд. Дар ин бора раҳбарияти расонаи олмонӣ хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки Толибон пештар афви умумӣ эълом карда буд.