Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 18-уми август эълон кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури он кишвар аст.
Худи Амруллоҳ Солеҳ як рӯз пеш гуфта буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати набудани президент, фирор ё маргаш, ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти курсии раиси ҷумҳурии Афғонистон мебошад. Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август, пеш аз он ки “Толибон” ба Кобул ворид шавад, Афғонистонро тарк кардааст ва маълум нест дар куҷост.
Гурӯҳи “Толибон”, ки назорат ба аксар қаламравҳои Афғонистонро ба даст дорад ва дар фикри ташкили ҳукумат аст, то кунун ба даъвои Амруллоҳ Солеҳ ва ҷонибдоронаш посух нагуфтааст.
Муҳаммад Заҳири Ағбар рӯзи 18-уми август ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе фирори Ашраф Ғаниро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "ӯ 169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст". Вай гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, шоми 18-уми август дар паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфт, ки "бо як пироҳан" аз кишвараш берун шуда, ҳоло дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст.
Вай афзуд, "ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон Шуморо фурӯхта, барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед."
Пештар баъзе аз расонаҳо бо такя ба дипломатҳо дар сафорати Русия дар Кобул навиштанд, Ашраф Ғанӣ бо худ садҳо миллион долларро бурдааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Душанбеи расмӣ омадани Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон рад кард
Амруллоҳ Солеҳ 17-уми август, пас аз ду рӯзи фирори раиси ҷумҳурии Афғонистон ва ворид шудани "Толибон" ба Кобул, дар Твиттер нигошт, ки "ман дар дохили кишвар ҳастам ва ба сурати қонунӣ ва машруъ сарпарасти мақом/курсии раиси ҷумҳурӣ мебошам."
Ашраф Ғанӣ шоми 18-уми август дар паёми видеоӣ гуфт, "ҳамин ҳоло дар машвара ҳастам, то ба Афғонистон баргардам ва ба талошҳоям барои таъмини адолат, ҳокимияти афғонҳо дар кишварамон ва дастовардҳои воқеии исломӣ ва миллии мардуми Афғонистон бо ҳам мубориза кунем."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон" акнун бар аксарияти хоки Афғонистон, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, назорат дорад ва дар талоши эҷоди як ҳукумати интиқолӣ ё ба қавли баъзе аз намояндагонаш ҳамашумул ҳаст.
Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ кард ва ба мансаби муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз ҳомиёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Солеҳ пас аз сарнагунии режими Толибон (аз 1996 то 2001 қудратро ба даст доштанд) ҳафт сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар машҳур аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Афғонистон аст