Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, Ғанӣ ваъдаи муқовимат дод ва омодаи гуфтугӯ бо Толибон нашуд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, аз берун шудани нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон дифоъ кард ва гуфт, ки баъди 20 сол ҷанг вақти рафтан расида буд.

Оқои Байден пас аз чанд рӯзи хомӯшӣ, рӯзи 16-уми август, дар як паёми телевизионӣ аз Кохи Сафед дар бораи таҳаввулоти Афғонистон гуфт, "ман раиси ҷумҳури Амрико ҳастам ва ин ман ҳастам, ки бояд тасмим бигирам."

Дар ҳоле ки пойтахти Афғонистон ба дасти Толибон афтодааст ва беназмӣ ҳукмфармост, Ҷо Байден изҳор дошт, ки аз рух додани нооромиҳо "ғамгин" аст ва сипас ваъда дод, дар бораи ҳуқуқи занон хомӯш нахоҳад буд.

Президенти Амрико гуфт, дар моҳи июли имсол бо президент Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат карда буд ва ӯ ваъда дод, ки нерӯҳои артиш дар баробари ҳамлаҳои Толибон истодагарӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Байден, Ашраф Ғанӣ ба исрори Вашингтон барои ворид шудан ба гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон ҷавоби рад дод.

Байден бо вуҷуди танқидҳо аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, тасмими худро дуруст донист ва гуфт, "ман қотеона аз ин тасмим ҳимоят мекунам".

Раҳбари ИМА дар идомаи суханонони худ иқрор кард, ки ҳукумати Афғонистон хеле зудтар аз он чӣ ӯ интизор дошт, сарнагун шуд ва гуфт, онҳо иродаи истодагӣ дар баробари Толибонро надоштанд.

Вай афзуд, "мо ин фурсатро дар ихтиёри онҳо гузоштем, ки сарнавишти худро ба даст бигиранд, аммо натавонистем иродаи ҷангидан барои ояндаро ҳам барояшон муҳайё кунем."

Ҷо Байден сипас гуфт, манфиатҳои Амрико ҳамеша ин будааст, ки монеи ҳамлаҳои террористӣ ба сарзамини худ шавад ва аз ин рӯ, Вашингтон ҳамчунон ба ҳар гуна таҳдиде, ки аз Афғонистон рӯбарӯ шавад, "босуръат ва қотеона" вокуниш нишон хоҳад дод. Ӯ афзуд, "маъмурияти мо дар Афғонистон ҳеч гоҳ миллатсозӣ набудааст".

Президенти Амрико дар ниҳоят ба Толибон ҳушдор дод, ки монеи хуруҷи ҳазорон дипломат ва тарҷумонҳои афғон аз ин кишвар нашаванд ва ба ҳеч ваҷҳ онҳоро таҳдид накунанд.

XS
SM
MD
LG