Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеи расмӣ омадани Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон рад кард


Тоҷикистон ба таври расмӣ хабарҳоро дар мавриди фуруд омадани ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон дар хоки ин кишвар рад кард.

Баъзе аз сиёсатмадорони Афғонистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар замоне ки ҷангҷӯёни Толибон ба Кобул расиданд, Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард ва ба Тоҷикистон рафт.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рузи 16-уми август бо нашри як изҳорот гуфт, ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда, дар хоки ин кишвар фуруд наомадааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, тарафи Тоҷикистон дар ин робита аз ҷониби Афғонистон ҳеч гуна дархост дарёфт накарда буд.

Ин дар ҳолест, ки манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи гузашта гуфтанд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, пас аз исти кӯтоҳ дар Душанбе ба Умон парвоз кардааст. Ин сарчашма рӯзи 15-уми август гуфт, мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон дар ҳамоҳанг кардани парвози ҳавопаймои ӯ аз ҳарими ҳавоии Узбекистон, Туркманистон ва Эрон мусоидат кардаанд.

Роҳила Дӯстум, духтари маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон, шоми гузашта дар Фейсбук навишт, ки ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта чанде дар фазои Тоҷикистон гашта, баъд ба сӯи Умон раҳсипор шудааст.

Баъзе аз манобеъ ҳам дар Тоҷикистон ин фарзияро тасдиқ карда, гуфтанд, ки дар оғоз мувофиқа шуда буд, Ғанӣ ба Тоҷикистон биояд, аммо баъдан бо сабабҳои "номаълум" тасмим дигар шуд.

Шаҳри Кобул рӯзи гузашта ба дасти Толибон афтод ва президент Ашраф Ғанӣ бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард. Ӯ аз соли 2014 раёсати ҷумҳури Афғонистонро ба уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG