Ҷангҷӯёни Толибон шаҳри Ғазнии Афғонистонро низ зери назорати худ гирифтаанд. Дар давоми як ҳафтаи охир ин даҳумин маркази вилоят дар Афғонистон аст, ки ба дасти шӯришиён мегузарад.
Мақомоти амниятӣ ба Радиои “Афғонистони озод” гуфтанд, волии Ғазнӣ Довуд Лағмониро баъд аз фирораш аз шаҳр боздошт карда, барои бозпурсӣ ба ихтиёри раёсати амният дар Кобул супурданд. Ҷузъиёти зиёд дар даст нест.
Танқид аз мансабдорони афғон
Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд, дида мешавад, пас аз гирифтани Ғазнӣ аз ин ҷо ва минтақаҳои дигари зери назорати Толибон корвони мошинҳо ба Кобул сарозер мешавад. Ин саҳнаҳо сабаби танқидҳои сахти мансабдорони баландпоя ва ҳукумати Афғонистон шудаанд. Корбарон мегӯянд, мақомот минтақаҳои зери дасти ҳукуматро бе ҷанг ба Толибон гузошта, мегурезанд.
Ғазнӣ дар 150-километрии ҷанубу ғарби Кобул ҷойгир аст. Ин шаҳр аҳамияти калони стратегӣ дорад, чунки дар канори шоҳроҳи Кобул - Қандаҳор ҷойгир буда, пойтахти Афғонистонро бо такягоҳи Толибон мепайвандад.
Бо вожгунии Ғазнӣ, акнун аз 34 вилоят, Толибон тақрибан сӣ дарсади маркази вилоятҳои Афғонистонро ба даст овардаанд.
Хабарҳо инчунин аз ҷангҳои пуршиддат дар шаҳрҳои Лашкаргоҳ, Қандаҳор ва Қалъаи нав, пойтахт вилояти Бодғис, мерасанд. Рӯзи 12-уми август дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд ва макони зисти 200 ҳазор аҳолӣ, Толибон қароргоҳи марказии полисро ишғол карданд.
Навбати Қандаҳор?
Даргириҳо шаҳри ҷанубии Қандаҳор ҳам пуршиддатанд. Ин минтақа маркази гурӯҳи ҷангҷӯ ба шумор меравад. Дар ин шаҳр яке аз зиндонҳои низомаш сангин ҷойгир аст ва Толибон гуфтанд, “садҳо зиндониро озод карда, ба макони амн бурданд”.
Одатан Толибон зиндониҳо ҳамчун сарбози худ истифода мекунанд. Суқути Қандаҳор барои Толибон як дастоварди калони тактикӣ ва зарбае ба рӯҳияи нирӯҳои ҳукумат хоҳад буд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки 11-уми август ба Мазори Шариф рафт, талош дорад, бо ёрии нирӯҳои вижа ва ҷангсолорони бонуфуз ҷабҳаи қавитареро зидди Толибон бунёд кунад. Ӯ раиси ситоди артишро иваз кард. Нирӯҳои Амрико ҳам аз роҳҳои ҳавоӣ ба давлати Афғонистон ёрӣ мекунанд.
Толибон аз 1-уми майи имсол, замоне ки нирӯҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ ба тарки Афғонистон шуруъ карданд, ҳамлаҳои худро дар саросари ин кишвар зиёд карданд. Рӯзи 11-уми август фурудгоҳи Кундуз ва садҳо сарбози давлатӣ ба дасти Толибон гузаштанд.
Абдулло Абдулло аз Толибон чӣ хост?
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар 12-уми август рӯзи сеюм ва ниҳоии гуфтугӯҳои Толибон бо ҳукумати Афғонистон ва бо ширкати фиристодаҳои Амрико, Чин ва Русия бе натиҷа ба поён расид. Ҳайати ҳукумати Афғонистонро раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ Абдулло Абдулло ба ӯҳда дорад.
Ӯ аз Толибон тақозо кард, ки ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои Афғонистон билофосила хотима дода, ба хотири пайдо кардани роҳҳали сиёсии бӯҳрон ба гуфтугӯ пардозанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми август сухангӯи муовини вазири умури хориҷии Афғонистон Ҳомид Таҳзиб хабар дод. Як рӯз пеш аз он Абдулло гуфт, ки моҳҳои охир Толибон сулҳро ҷиддӣ намегиранд ва ба ҳамин хотир ҳеҷ пешрафте ҳосил нашудааст.
Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ҳам ба суръати “ба дараҷаи дарднок заиф”-и музокироти сулҳ таъкид кард. Дар як нишасти хабарие рӯзи 11-уми август дар Вашингтон Прайс гуфт, "Толибон дар созиши сулҳ ӯҳдадор шуданд, ки ба шартҳои он пойбанд мемонанд ва ин санад бояд ба оташбаси доимиву фарогир роҳ кушояд".
Вай ба созиши моҳи феврали соли гузашта ишора кард, ки миёни Амрико ва гуруҳи Толибон имзо шуд. “Вале ба ҷойи ин, - гуфт ӯ, - тамоми нишонаҳо баёнгари он аст, ки онҳо дар фикри пирӯзӣ дар майдони ҷанг ҳастанд”.