Ҷангҷӯёни Толибон фурудгоҳи стратегии шаҳри Кундузро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Тибқи гузоришҳо, дар ҳоле ки садҳо узви артиш ба шӯришиён таслим шуданд, бархе тавонистаанд ба ноҳияи Алиободи Кундуз ақибнишинӣ кунанд. Президент Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 11-уми август ба Мазори Шариф сафар кард, раҳбари Ситоди артишро иваз намуд.
Сухангӯйи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид, дар Твиттер иддао намуд, ки сарбозони давлатӣ ба сафи ҷангҷӯён мепайванданд. Амруддин Валӣ, узви маҷлиси маҳаллӣ, дар суҳбат бо “Франс Пресс” гуфтааст, “садҳо сарбозу ходими полис баъд аз ишғоли фурудгоҳ аз ҷониби Толибон ҳамроҳ бо силоҳу дигар муҳимоти низомиашон таслим шуданд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Аз Файзобод то Шибирғон
Аз 1-уми май, замоне ки нирӯҳои Амрико ва шарикони байналмилалии онҳо ба тарки Афғонистон шуруъ карданд, ҳамлаҳои Толибон ҳам дар саросари Афғонистон афзоиш ёфт. Дар як ҳафта ишғолгариҳои Толибон аз ҳисоби марказҳои маъмурии вилоятҳо чоряк баробар афзуд.
Толибон то кунун шаҳри Файзобод, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, шаҳри Пули Хумрӣ – маркази Бағлон ва шаҳри Фараҳ – маркази вилояти Фараҳро ишғол кардаанд. Шаҳри Ойбек, маркази вилояти Самангон, Кундуз, Сари Пул, Толиқон, Заранҷ ва Шибирғон низ феълан зари назорати онҳост.
Дар Файзобод як узви маҷлиси маҳаллӣ гуфт, дар пайи задухӯрдҳои чандрӯза, нирӯҳои ҳукуматӣ ақибнишинӣ краданд. Забеҳулло Аттиқ гуфт, “ҳоло Толибон шаҳрро ба даст оварданд”. Худи ҷангҷӯён ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти назорати онҳо гузаштани шаҳрро тасдиқ карданд.
Дар сурати аз даст рафтани Мазори Шариф барои ҳукумати марказии Афғонистон зарбаи шадид ва ба маънои аз даст додани назорат бар тамоми қисматҳои шимолии кишвар хоҳад буд. Ин минтақа пойгоҳи муқовимати мустаҳками зидди Толибон ба шумор мерафт.
Идомаи даргирӣ дар Қандаҳору Ҳилманд
Нирӯҳои ҳукуматӣ ҳоло бо ҷангҷӯён дар Қандаҳору Ҳилманд даргиранд, ки вилоятҳои ҷанубии паштузабон буда, Толибон аз ин ҷо нирӯ мегиранд. Сухангӯйи ҳукумати Қандаҳор гуфт, нирӯҳои ҳукуматӣ 11-уми август ба ҳамлаи Толибон муқовимат нишон доданд. Содиқ Исо дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистони озод” гуфт: “Тахминан 15 ҷангҷӯи Толибон кушта шуд, ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ гардид”. Вай дар бораи зарари эҳтимолӣ дар миёни нирӯҳои давлатӣ чизе нагуфт.
Ба иттилои Муҳаммад Довуд Фарҳод, раиси бемористони Мирвайси Қандаҳор, дар давоми 24 соати гузашта ду мулкӣ куштаву 14 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон захмӣ шуданд.
Таҳдиди Дӯстум ба Толибон
Президент Ғанӣ, ки субҳи чаҳоршанбе ба Мазори Шариф расид, бо фармондеҳони бонуфузи маҳаллӣ – Ато Муҳаммад Нур ва Абдуррашид Дӯстум – дар бораи роҳҳои ҳимояти шаҳр аз ҷангҷӯён гуфтугӯ кард.
Дӯстум, ки субҳи сешанбе бо гурӯҳи низомиён ба Мазори Шариф расид, аз он ҷо истода ба Толибон як таҳдиде намуд. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Толибонро ба қатл мерасонад ва афзуд, “Толибон ҳеч гоҳ аз гузашта ёд намегиранд. Толибон чандин бор ба шимол омада, ҳамеша дар ин ҷо дармондаанд Аз ин ҷо берун шудан осон нест”.
Дӯстумро ба он муттаҳам мекунанд, ки пас аз соли 2001 ва шурӯи амалиёти низомии Амрико дар Афғонистон бар зидди тундгароҳои исломӣ садҳо зиндонии Толибонро қатл кардааст.
Пешрафтҳои Толибон дар саросари кишвар бо гузоришҳои фаровон дар бораи куштору ҳамлаҳои сокинони мулкӣ ба ҳамроҳ будааст.
Байден: Барои худ биҷанганд
Дар ҳоле ки даргириҳо дар авҷ аст, дипломати калони амрикоӣ Залмай Халилзод дар Доҳа талош дорад, Толибонро водор бикунад, ки оташбасро эътироф ва ба ишғолгариҳо хотима диҳанд. Дар ҳамин ҳол, дар Вашингтон рӯзи 10-уми август президент Ҷо Байден батакрор гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ то 31-уми август Афғонистонро тарк мекунанд ва аз раҳбарияти ин кишвар тақозо намуд, “барои худ биҷанганд”.
Байден дар ҳузури журналистон гуфт: “Ман аз қарорам дар бораи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ баъди ду даҳсола ҷанг пушаймон нестам”. Ва афзуд: “Онҳо бояд бихоҳанд, ки биҷанганд. Шумори онҳо аз Толибон бештар аст”.
Тарси Аврупо аз чист?
Рӯзи 10-уми август Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки дар фикри ёрии бештар ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, дар ҳоле ки баъзе кишварҳои аврупоӣ хостори идомаи барномаи ихроҷи паноҳҷӯёни ғайриқонунии афғон шуданд.
Тарси аврупоиҳо ин аст, ки бо афзоиши ҳуҷумҳои Толибон шумори паноҳҷӯёни афғон ҳам бештар мешавад. Зоҳиран кишварҳои аврупоӣ аз такрори бӯҳрони муҳоҷирати соли 2015 дар Аврупо нигарон ҳастанд. Он замон беш аз 1 миллион паноҳҷӯ, аз ҷумла, аксар шаҳрвандони фирории Сурия ба Иттиҳоди Аврупо омаданд ва ин масъала боис ба эҷоди ихтилоф дар дохили Иттиҳод шуд.
Вале Вазорати умури дохилии Олмон рӯзи 11-уми август эълон кард, ки барои як муддат ихроҷи муҳоҷиронро бозмедорад, то ки вазъи Афғонистон муътадил шавад.
Созмони Милал гуфт, ҳоло дар сарҳадҳои Афғонистон таҷаммӯи зиёди муҳоҷирон ба назар намерасад. Вале ба иттилои як мақоми аврупоӣ, СММ пешбинӣ мекунад, ки тахминан ним миллион шаҳрванди Афғонистон дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳи амн аз Покистону Эрон ва Тоҷикистон дархости кумак хоҳанд кард. Ба шарте ки вазъият беҳбуд наёбад.
Раҳбари намояндагии UNICEF рӯзи 9-уми август бо нашри изҳороте гуфт, ки аз ваҳшонияти босуръат паҳншаванда таконзада шудааст, чун, ба ҳисоби ин ниҳод, даҳҳо кӯдаку зан кушта шудаанд.
Амрико гуфт, то ҳол 95 дарсади нирӯҳояшро аз кишвар берун кардааст ва то 31-уми август ин барнома пурра такмил мешавад.