Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғолгариҳои Толибон, нишасти Қатар ва ҳушдори Атомуҳаммади Нур. Ҳолу ҳавои кишвари ҳамсояи Тоҷикистон


Залмай Халилзод рӯзи 10-уми август ба Доҳа рафт, то Толибонро ба поёни хушунатҳо дар Афғонистон водор кунад
Залмай Халилзод рӯзи 10-уми август ба Доҳа рафт, то Толибонро ба поёни хушунатҳо дар Афғонистон водор кунад

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар масъалаи Афғонистон, бо ҳадафи водор кардани Толибон ба поёни ҳамлаҳои хушунатбор ба Қатар рафтааст. Ҷое, ки дафтари сиёсии ин гуруҳи ҷангҷӯ ҷойгир аст.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ҳадафи Халилзод “фишор овардан ба Толибон аст, то ҳамлаҳои низомии худро бас кунанд ва аз пайи роҳҳали сиёсии Афғонистон шаванд”.

Аз 1-уми майи имсол, вақте Амрико ва нирӯҳои байналмилалӣ ба берун бурдани низомиёни худ аз Афғонистон шуруъ карданд, ҳамлаҳои Толибон бештар шуд. Қарор аст, нирӯҳои байналмилалӣ то поёни моҳи август ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро тарк кунанд.

Талаби низомиёни Амрико аз ҳукумати Кобул

Низомиёни Иёлоти Муттаҳида ҳушдор доданд, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон “дар самти дуруст қарор надорад” ва аз ҳукумати Кобул тақозо карданд, барои дифоъ аз худ талоши бештар ба харҷ диҳад.

Ҷон Кирби, сухангӯйи Пентагон ё Вазорати дифои Амрико, рӯзи 9-уми август дар ин замина нигаронии ҷиддӣ баён кард, аммо айни замон таъкид намуд, ки “нирӯҳои Афғонистон дар муқобили ҷангҷӯёни усулгаро тавони ҳимоят аз кишвари худро доранд.”

То имрӯз Толибон шаш маркази вилоятҳои Афғонистонро таҳти назорати худ даровардаанд. Кирби мегӯяд, “ин нирӯҳои низомӣ, ин марказҳои вилоятҳо ва мардуми Афғонистон аст, ки бояд ҳимоят шаванд. Дарвоқеъ, ҳамааш дар дасти раҳбарият аст, ки дар ҳамин лаҳзаҳо худро нишон диҳад”.

Идомаи ҷанг дар Афғонистон ҳазорҳо касро бехонаву ҷой кардааст
Идомаи ҷанг дар Афғонистон ҳазорҳо касро бехонаву ҷой кардааст

Кумакхоҳии Ғанӣ аз ҷангсолорон ва мардум

Ёварони президенти Афғонистон гуфтанд, ки Ашраф Ғанӣ рӯзи 10-уми август аз ҷангсолорон барои дифоъ аз ҳукумат ёрӣ хост ва аз мардуми оддӣ ҳам даъват намуд, ки арзишҳои демократии кишварро ҳимоят кунанд.

Ғулом Баҳоуддин Ҷелонӣ, вазири ҳолатҳои фавқулода, дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, дар 25 вилоят ҷангҳо идома дорад ва дар давоми ду моҳи охир 60 ҳазор оила беҷо шуда, аксари онҳо ба Кобул рафтаанд.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 9-уми август шаҳри Ойбек, маркази вилояти Самангон, аз он пеш шаҳрҳои Кундузу Сарипул, Толиқон ва Заранҷ – маркази вилояти Нимрӯз ва Ҷузҷон – маркази вилояти Шибирғонро зери назорат дароварданд. Даргирии шӯришиён бо нирӯҳои ҳукуматӣ дар се вилояти дигар, аз ҷумла Балх идома дорад.

Як мақоми амниятӣ гуфт, вақте Толибон шаҳри Пули Хумрии маркази вилояти Бағлонро иҳота карданд, нирӯҳои амниятӣ дар муҳосира монданд. Ин роҳи калидӣ аз шимол ба самти Кобул ба шумор меравад.

Толибон инчунин аксар қаламравҳои шаҳри Лашкаргоҳ, маркази маъмурии вилояти ҷанубии Ҳилмандро назорат мекунанд. Дар ин ҷо муқобила бо Толибон аз роҳҳои ҳавоӣ бо ширкати нирӯҳои Амрико ва Афғонистон идома дорад.

Атомуҳаммади Нур гуфт, то қатраи охирини хун меҷангад

Хабарнигорони Радиои “Афғонистони Озод” инчунин аз ҷангҳои шадид дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх хабар доданд. Суқути Мазори Шариф, ки азимтарин шаҳри минтақа ба шумор меравад, ба ҳукумати Кобул зарбаи сахте хоҳад шуд.

Атомуҳаммади Нур, фармондеҳи нирӯҳои шимол, таҳдид кард, ки то охирин қатраи хунаш бо Толибон меҷангад.

Атомуҳаммади Нур
Атомуҳаммади Нур

Хабарҳо аз ҷанги шадид дар марзҳои наздик ба Эрон – шаҳри Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, ҳам мерасанд.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо ҳазор сокини одии Афғонистон дар дохили кишвар дар ҳоли фирор аз ҷанг ҳастанд. Бисёре аз оилаҳо маконҳои ишғолшуда аз тарафи Толибонро тарк мекунанд. Аксари онҳо аз ваҳшонияти ҷангҷӯён дар ҳаросанд.

Ба амри фармондеҳи Толибон бовар надоранд

Зоҳиран бисёриҳо ба амри фармондеҳи Толибон бовар надоранд, ки ба ҷангҷӯён гуфтааст, дар маконҳои ишғолкардаи худ ба нирӯҳои Афғонистон ва кормандони давлат осеб нарасонанд.

Муҳаммад Ёқуб, писари раҳбари пешини Толибон Мулло Умар, дар як муроҷиати садоӣ ба ҷангҷӯён гуфтааст, худро аз хонаҳои таркшудаи мақомоти давлативу амниятӣ дур бигиранд ва бигузоранд, ки бозорҳо боз бошанду тиҷорату бонкҳоро ҳимоят кунанд. Ин дар ҳолест, ки аз маконҳои ишғолшуда дар бораи оташ зада шудани мактабҳову ҷорӣ шудани қоидаҳои сахте барои занони маҳаллӣ хабарҳо мерасад.

Нигарониҳо аз кушта шудани кӯдакон

Дар бисёре аз минтақаҳо сокинон, аз ҷумла кӯдакон, қурбонӣ мешаванд. UNICEF – Бунёди Созмони Милал дар умури кӯдакон – рӯзи 9-уми август гуфт, дар даргириҳои саросари вилоятҳои Қандаҳор, Хуст ва Пактиё дар се шабонарӯзи гузашта дастикам 27 тифл куштаву 136 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳерве Людовик Де Лис, раҳбари дафтари UNICEF дар Афғонистон, дар як изҳороти имейлӣ гуфт: “UNICEF аз тавсеаи босуръати хушунатҳо алайҳи кӯдакон дар Афғонистон таконзада шуд. Ваҳшоният рӯз ба рӯз бештар мешавад”.

Яке аз кӯдаконе, ки ҳамроҳи хонаводааш бехонумон шудааст
Яке аз кӯдаконе, ки ҳамроҳи хонаводааш бехонумон шудааст

Даҳҳо зану кӯдаке, ки дар байни оташи ҷанг дар Кундуз ва Ҳирот мондаанд, ҷони худро аз даст доданд.

Бо вуҷуди бадтар шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон, шаш кишвар – Белгия, Олмон, Австрия, Нидерландия, Дания ва Юнон дар номае ба ниҳоди иҷроияи Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ҷараёни ихроҷи паноҳҷӯён аз Афғонистон набояд қатъ шавад.

“Минтақаҳои ноамн маънои онро надоранд, ки...”

Семми Маҳдӣ, вазири давлатии Белгия дар умури паноҳандагону муҳоҷирон, дар Твиттер гуфт: “Минтақаҳои ноамн маънои онро надоранд, ки ҳар шаҳрванди ин кишвар ба таври табиӣ бояд мавриди ҳимоят қарор дода шавад”.

Ин мақоми баландпоя дар ҳузури журналистон гуфт, Иттиҳоди Аврупо намехоҳад, Афғонистон дучори ҷанги шаҳрвандӣ шуда, ба истеҳсолкунандаи азими маводи мухаддир ё сарчашмаи “мавҷи муҳоҷират” табдил шавад”.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ҷанг масъалаи муҳоҷирони афғонро сабук намекунад
Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, ҷанг масъалаи муҳоҷирони афғонро сабук намекунад

Вай афзуд, Толибон ҳоло 65 дарсади қаламрави Афғонистонро назорат мекунанд ва таҳдид доранд, ки 11 маркази дигари вилоятҳоро ба даст меоранд. Ба қавли ӯ, Толибон ба ваъдаи худ дар бораи даст ёфтан ба созиши сиёсӣ вафо накарданд.

Ин созиш эҷоди ҳукумати давраи гузорро тақозо мекард. Ба қавли ин мақом, ҳоло тахминан 400 ҳазор сокини Афғонистон дар пайи ҷангҳои чандинмоҳа аз маконҳои зисти худ беҷо шудаанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Афғонистон бо ин ки “то андозае чолишбарангез аст”, “ноумедкунанда нест” ва аз бӯҳрони Сурияву Ироқ фарқ дорад, чунки ҳамоно як ҳукумати боэътибор ва мақомоти эътирофшуда дар ихтиёр дорад.

Иддае хоҳони таҳрим ба зидди Покистон ҳастанд

Залмай Халилзод, ки моҳи феврали соли 2020 дар аҳди президенти собиқи Амрико Доналд Трамп бо Толибон музокироти сулҳро ба роҳ монда буд, дар гуфтугӯ бо бозигарони калидии минтақа ва ҳамсояҳои Афғонистон, аз онҳо хост, дар сурати бо зӯр сари қудрат омадани Толибон ҳукумати онҳоро эътироф накунанд.

Дар таҳаввулоти ҷудогонае, даҳҳо ҳазор сокинони Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори ҷорӣ шудани таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Покистон барои, ба гуфтаи онҳо, “мусоидат дар ҳамлаи Толибон дар Афғонистон” шудаанд.

Кобул ва чанд ҳукумати ғарбӣ гуфтаанд, маҳз кумакҳои Покистон сабаб шуд, ки Толибон пас аз саркӯб шудан аз ҷониби Амрико дар соли 2001 дубора ба ҳуҷум гузаранд.

Даъватҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам идома дорад
Даъватҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам идома дорад

Дар ҳамин ҳол, афғонҳои зиёд дар кишварҳои Аврупо, Канада ва шаҳрҳои Амрико алайҳи поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҳам хатми кумакҳои минтақавӣ ба ин гурӯҳи ҷангӣ ба хиёбонҳо мебароянд. Покистон ин иттиҳомотро рад кардааст.

Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида гуфт, амалиёти берун рафтани нирӯҳо 95 дарсад иҷро шудааст ва то 31-уми август, дар остонаи таҷлили 20-солагии ҳамлаи созмони террористии “Ал-Қоида” ба Амрико, ки сабаби ба Афғонистон ворид шудани нирӯҳои ин кишвар шуд, пурра хоҳад гардид.

XS
SM
MD
LG