Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи "Фотеҳобод" ("Ойбек") дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.
Мақомот ба таври расмӣ масъаларо шарҳ надоданд. Аммо тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳ сурат мегирад. Радиои Озодӣ ду ҳафта пеш навори шикваи мусофиронро нашру пахш кард ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба он вокунишу ҳамовозӣ намуданд.
Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми август гуфт, ҳоло подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов раиси бахши марзбонии гузаргоҳи “Фотеҳобод” таъин шудааст. Ӯ то ин дам раёсати гузаргоҳи “Гулистон” дар Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Тағйироти кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Ҳоло раҳбари нав бо ду ноиби худ ба кор шуруъ кардааст”, -- афзуд манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби тағйирот дар “Фотеҳобод”, гузаргоҳи муҳим бо Узбекистонро нагуфтаанд. Талошҳои мо низ барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам натиҷа надод.
гузориш аз сарҳад Таҷаммӯи садҳо кас дар Фотеҳобод (Ойбек). Мардум хоҳони боз шудани роҳи заминӣ ба Узбекистон ҳастанд. ВИДЕОРадиои Озодӣ 28-уми июли имсол аз гузаргоҳи “Фотеҳобод” (Ойбек) гузориш дод, ки садҳо нафар дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад ҳастанд. Аммо, ба иддаои баъзе аз хоҳишмандони убури сарҳад, аз онҳо барои гузаштан “ҳақ” талаб мешавад.
Аз ҷумла, мусофире бо номи Доро ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, “шунидем, ки баъзеҳоро бо пул гузаронида истодаанд, ба 1300 сомонӣ." Мусофири дигар иддао дошт, ки "200 сомонӣ нафақа мегирам, аз куҷо ба инҳо 1000 сомонӣ ёбам?”
Даҳҳо нафари дигар дар зери ин хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи мушкили гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоми рафтан ба Русия ё баргаштан аз онҷо "убури марзи Узбекистон осон аст", аммо дар сарҳади Тоҷикистон "банд мемонанд".
Ҳарчанд масъулони гузаргоҳ ва Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора вокуниш накардаанд, масъулони раёсати Оҷонси зиддифасод дар Суғд рӯзи 3-юми август гуфтанд, гурӯҳеро барои таҳқиқи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳҳои марзӣ фиристоданд.
Шараф Аваззода, сардори раёсат, гуфт, “аз шаҳрвандоне, ки дар марз истодаанд, хоҳиш мекунем, бо мо ҳамкорӣ кунанд, афсӯс, розӣ намешаванд. Дар ин ҳолат мо ошкор карда наметавонем."
Ба қавли Авазззода, дар шаш моҳи аввали имсол дар бораи ришваситонӣ дар гузаргоҳ танҳо як ариза гирифтанд, аммо бинобар набудани номи муаллиф баррасӣ накарданд.
посухи мақомот Ба таҳқиқи "ҳақситонӣ" дар "Фотеҳобод" рафтаанд, аммо мегӯянд, "расман даъвое нест" ВИДЕОБино бар боло будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия аксар муҳоҷирон моҳҳои охир Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.
Ба сабаби густариши бемории ҳамагир ҳанӯз гузаргоҳҳои сарҳадӣ бастаанд, аммо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки иҷозаи вижа доранд, метавонанд, тавассути роҳи заминӣ ба Узбекистон гузаранд. Роҳи ҳавоӣ ба кишвари ҳамсоя барои ҳама боз аст.
Сокинон умед доштанд, ки пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон, дар моҳи июни имсол гузаргоҳҳо пурра боз шуда, сафарашон ба кишвари ҳамсоя осон мегардад, аммо зоҳиран густариши беморӣ монеи ин тасмим шудааст.