Даъвати Ҳизби демократ дар бораи "карантин"-и 20-рӯза дар Тоҷикистон боис ба вокунишҳои зиёд шуд.
Ҷонибдорон мегӯянд, маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус барои пешгирӣ аз густариши беморӣ ва маргу мири сокинон муҳим аст. Мухолифон мепурсанд, ки дар он сурат ризқу рӯзии худу фарзандонро аз куҷо хоҳанд ёфт? Ситоди муқобила бо коронавирус хомӯш аст.
Ҳизб: Мардум бепарво шудаанд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳизби демократ пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон 20 рӯз карантин ҷорӣ шавадҲизби демократи Тоҷикистон 30-юми июл аз мақомот хост, барои кам кардани гирифтории сокинон ба коронавирус, дар кишвар бист рӯз карантин эълон кунанд. Далели раҳбарияти ҳизб ин аст, ки шумори гирифторон нисбат ба чанд моҳ пеш афзудааст, вале сокинон бепарво шудаанд.
Мақомот ба ин пешниҳоди Ҳизби демократ расман вокуниш накардаанд. Рӯзи 3-юми август дар Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, дархости Ҳизби демократ ба Ситоди муқобила бо COVID-19 равона шудааст. Онҳо дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд.
“Ваксина гирифтем"; "карантини кӯтоҳмуддат шавад"
Назари сокинон ба ҷорӣ кардани карантин дар Тоҷикистон гуногун аст. Тарафдорон ва мухолифон далелҳои худро доранд.
Файзуллоҷон Сафаров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, зарурати ҷорӣ кардани карантин нест, "чун 10-20 дарсади аҳолӣ, хусусан кормандони давлатӣ, эм кардаанд. Онҳое, ки хонашин ҳастанд ё қишри фаъол нестанд, ба карантин ниёз надоранд.”
Дар ин миён тарафдорони ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ҳам кам нестанд. Аз ҷумла Ҳикматулло Хидиров, сокини Душанбе, мегӯяд, барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари COVID-19, карантини саросарӣ зарур аст. “Карантини дурудароз не, вале карантини кӯтоҳмуддат барои пешгирӣ аз густариши беморӣ зарур аст”, -- бовар дорад ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Мардум дар хона истанд, аз куҷо пул меёбанд?"
Соли гузашта ба хотири пандемия дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шуд. Дари масҷидҳо ва бозорҳои фурӯши либосро баста, фаъолияти марказҳои хидматрасонӣ ва гузарондани тӯю маъракаҳоро маҳдуд карданд. Ҳоло ҳамаи ин маҳдудиятҳо бекор шудаанд.
Пас аз эълони дубораи мақомот дар бораи сабт шудани гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар ҳеч маҳдудияте муқаррар нашудааст. Гуруҳе аз сокинон аз бозгашти маҳдудиятҳо ба кишвар тарс доранд.
Давлатшо Каримов, сокини Душанбе мегӯяд, бештари мардум маҷбур аст барои кор аз хона берун шавад ва агар набарояд, зиндагиаш мушкил мешавад. Ӯ гуфт, “аз як тараф барои пешгирии беморӣ карантин хуб аст. Аз тарафи дигар агар карантин шавад, ин қадар одамон аз куҷо ризқу рӯзӣ меёбанд? Ҳозир дар Тоҷикистон ҳамин хел шудаст, ки рӯзе кор набароед, зиндагӣ пеш намеравад.”
Тасмиме, ки президент аз он ҳимоят кард
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон аз ҷорӣ нашудани "карантин" ҳимоят кард. Коршиносон: Мубориза бо СOVID‑19 шаффоф набудДаъватҳо барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 соли гузашта низ чанд дафъа садо дод, вале мақомот напазируфтанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол аз тасмими ҳукумат барои ҷорӣ накардани карантин дар давраи пандемия ҳимоят кард ва гуфт, агар мардум дар хона мемонданд, дар фасли зимистон кишвар ба камбуди ғизо дучор мешуд.
Як намояндаи мақомот бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ҷорӣ кардани карантин барои ҳукумат тасмими саҳл нест. Чун ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо садҳо нафар шуғли рӯзонаи худро аз даст медиҳанд ва давлат вазифадор аст, ба онҳо ёрӣ кунад. «Аммо дар шароити феълӣ имкон нест, ки аз ҳисоби буҷа ба ҳама сокинони бекормонда кумаки пулӣ расонда шавад, то онҳо зиндагиашонро пеш баранд”, -- гуфт ин намояндаи мақомот.
“Карантин” бошад ё набошад?
Дар ҳоле ки баҳси ҷорӣ шудани карантин дар Тоҷикистон давом дорад, пизишкон таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз будан ё набудани маҳдудият, сокинон бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Сарҳадҷон Бобоалиев, муовини мудири беморхонаи Ибни Сино, гуфт, сокинон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд ва фосилаи ҷисмонӣ ё қоидаи дурӣ аз якдигарро риоя кунанд. “Ҳатто агар ваксин гирифта бошем, кафолати пурра нест, ки ба дигар штамм ё навъи беморӣ гирифтор нашавем”, -- афзуд Бобоалиев.
Тибқи омори Вазорати тандурустӣ, ҳамарӯза дар кишвар аз 60 то 80 мавриди нави сирояти коронавирус сабт мешавад. Мақомот шумори умумии гирифторони коронавирусро беш аз 15 ҳазор ва шумори ҷонбохтагонро 121 нафар мегӯянд. Баъзе сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.