Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷорӣ нашудани "карантин" ҳимоят кард. Коршиносон: Мубориза бо СOVID‑19 шаффоф набуд


Эмомалӣ Раҳмон дар Ворӯх
Эмомалӣ Раҳмон дар Ворӯх

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тасмими ҳукумат барои ҷорӣ накардани карантин дар давраи пандемия ҳимоят кард ва гуфт, агар мардум дар хона мемонданд, дар фасли зимистон кишвар ба камбуди ғизо дучор мешуд.

Раиси ҷумҳур ин ҳарфро рӯзи 9‑уми апрел зимни ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара баён дошт. Раҳмон гуфт, агар мардум дар давраи пандемия дар хона мемонданд, эҳтимоли зиёд буд, ки дар фасли зимистон аз камбуди ғизо азият мекашиданд.

Ӯ аз таҷрибаи муваффақонаи Тоҷикистон дар мубориза бо КОВИД‑19 ба такрор ёдовар шуд ва гуфт, ки бархе кишварҳо аз ин таҷрибаи Тоҷикистон мепурсанд.

Маълум нест, ки кдаом кишвар аз таҷрибаи Тоҷикистон дар амри мубориза бо КОВИД‑19 пурсидааст ва президент низ аз он кишвар ном набурд.

Раиси ҷумҳур рӯзи 9-уми апрел ҳамчунин гуфт, бемории сирояти коронавирусро дар ҷаҳон сиёсӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, аз бемориҳое монанди СПИД, садҳо нафар мефавтанд, ҳама хомуш аст, аммо сироят ба коронавирусро сиёсӣ карданд.

Ӯ афзуд, ки аз моҳи январ ба ин тараф дар Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо мардум бояд эҳтиёткор бошанд ва дар сурати содир шудани ягон дастур онро риоя намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле дар бораи муборизаи муввафақона дар баробари сирояти КОВИД‑19 ҳарф мезанад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон мақомоти тоҷикро барои пинҳон доштани омори воқеии гирифторон ва ҳалокшудагон аз ин вирус интиқод мекунанд.

Тоҷикистон расман гирифтории беш аз 13 ҳазор ва фавти 90 нафар аз коронавирусро тасдиқ кардааст, дар ҳоле, ки сокинон ин оморро ба маротиб бештар медонанд.

Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар соли 2020 гуфта шудааст, ки Тоҷикистон омори воқеии гирифторон ба КОВИД-ро пинҳон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо ворухиён мулоқот мекунад. Роҷеъ ба масоили марзӣ чизе хоҳад гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара
Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара

Субҳи рӯзи 9-уми апрел раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворухи Исфара сафар кард. Оқои Раҳмон аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин тараф бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад. Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара дар пасманзари изҳороти ҷанҷолбарангези як мақоми баландояи қирғиз дар бораи Ворух, сурат мегирад.

Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ворух қарор доранд, то ин дам президент Раҳмон дар ифтитоҳи як варзишгоҳ ва маркази фарҳангӣ иштирок намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид кардааст. Қарор аст, ки нимаи дувуми рӯз ӯ бо сокинони ҷамоати Ворух мулоқот карда, суханронӣ намояд.

Ҳоло ҳама таваҷҷуҳ ба он нигаронида шудааст, ки оё раиси ҷумҳур дар суханронии худ ба масоили марзӣ ва ҳалли он ишора хоҳад кард ё не.

Сафари президен Раҳмон ба минтақа дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.

Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд.

Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд. Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои сарҳади ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG