Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократ пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон 20 рӯз карантин ҷорӣ шавад


Ҳоло дар беморхонаҳои Душанбе даҳҳо нафар бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 бистарианд
Ҳоло дар беморхонаҳои Душанбе даҳҳо нафар бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 бистарианд

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз мақомот хост, ки ба хотири коҳиши гирифтории сокинон ба коронавирус дар кишвар 20 рӯз карантин эълон кунанд.

Дар муроҷиатномаи ин ҳизб аз рӯзи 30-уми июл гуфта мешавад, ки “шумораи гирифторон ба беморӣ нисбат ба чанд моҳи пеш афзоиш пайдо кардааст.”

Мақомоти тоҷик аз моҳи январ то охири моҳи июн пойфишорӣ мекарданд, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторӣ ба КОВИД-19 вуҷуд надорад. Пас аз шикояти ба такрори сокинон ва интиқод аз кори пизишкон дар амри ҷилавгирӣ аз КОВИД-19, охири моҳи июн мақомоти тоҷик вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло гирифторӣ ба беморӣ дар деҳот бештар шудааст ва сокинони кишвар чораҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.

Ин Ҳизб пешниҳод кардааст, ки қабл аз таҷлили 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар 9-уми сентябр дар кишвар 20 рӯз карантини сартосарӣ эълон шавад.

Рӯзи 30-уми июл Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як рӯзи охир 75 ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро сабт кардааст. Мақомот мегӯянд, аз ибтидои пандемия беш аз 15 ҳазор сокини Тоҷикистон ба ин вирус сироят ёфта, 121 нафар фавтидааст. Коршиносон ба ин омор бовар надоранд ва омори воқеиро ба маротиб бештар медонанд.

Дар се моҳи ахир хабари марги даҳҳо чеҳраҳои илму адаб, фарҳангу сиёсат бар асари сироят ба коронавирус нашр шуд.

Манобеи Радиои Озодӣ қаблан хабар дод, ки ҳатто беш аз 10 узви хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба коронавирус сироят ёфтааст. Аз ҷумла, манобеи Радиои Озодӣ фавти Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани президент ва Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари ӯро ба сироят ба КОВИД-19 рабт дода буданд. Мақомот расман сабаби марги онҳоро шарҳ надодаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG