Идигул Қосимзода даргузашт. Манбаъ: "Аз COVID ранҷ мекашид". Сабаби расмии фавт эълон нашуд

Идигул Қосимзода аз моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси Намояндагон буд

Идигул Қосимзода, вакили порлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 22-юми июл дар синни 53-солагӣ даргузашт.

Баъзе аз ҳамкорони собиқаш ба "Озодӣ" гуфтанд, Қосимзода чанд рӯзи охир бо нишонаҳои монанд ба бемории ҳамагир дар шифохонаи "Советский 1" дар Душанбе бистарӣ буд.

Як масъули Маркази тиббии рақами яки шаҳри Душанбе, маъруф ба "Советский 1", рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "Идигул Қосимзода гирифтори коронавирус шуда буд ва чаҳор рӯз пеш ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд."

"Дар аввал дар шароити хона табобат гирифта, ба беморхона рафтанро қабул накардааст. Баъдан, ки ҳолаш вазнин шуд, ба беморхона оварданд. Дар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузоштем. Хеле талош кардем, аммо наҷот дода натавонистем. Вирус шушашонро тамом карда буд", -- афзуд мусоҳиби мо бо шарти зикр нашудани номаш.

Ин пизишк ҳамчунин гуфт, ҷасади Идигул Қосимзодаро аз беморхона гирифта, ба зодгоҳаш ноҳияи Вахш бурдаанд. Қосимзода дар баробари дигар вакилони Маҷлиси намояндагон, ваксинаи зидди COVID-19 гирифта буд.

Сабаби расмии марги ӯ то ҳанӯз эълон нашудааст.

Идигул Қосимзода аз моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд. Аз он пеш, тақрибан чаҳор сол, ҳамчун раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон кор кард.

Дар замони раҳбарии ӯ номи Кумитаи занон вобаста ба қарору чораҳои мухталиф ва гоҳе баҳсбарангез бисёр расонаӣ шудааст. Яке аз ин танқидҳо ба ташкили амалиёти "фаҳмондадиҳӣ ба занон" дар бораи "фарҳанги либоспӯшии миллӣ" рабт дошт.

Қосимзода моҳи январи соли 2020 дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ӯ "тарғиби фарҳанги миллии либоспӯширо ҳадаф қарор дода" буд.

"Дар тӯли се сол аксарият нафаҳмиданд. Соли чорум баъд гуфтанд, ки раиси Кумитаи кор бо занон намегӯяд, ки Шумо дигару дигар пӯшед, танҳо талқин дорад, ки тоҷикона пӯшед", -- афзуда буд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйироти кадрӣ. Раиси Кумитаи занон ва раиси шаҳри Норак иваз шуданд

Идигул Қосимзода дар гузашта дар мансаби раиси Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода низ кор кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

15 зан – дар порлумони нави Тоҷикистон. "Сиёсат ҳамоно симои мардона дорад". ВИДЕО, САДОКумитаи занон гуфт, ки ҳиҷоби ягон занро накашидаастИдигул Қосимзода раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон шуд“Паёмбар ба занҳояш эҳтироми баробар дошт, мардҳои мо занҳоро мепартоянд” ВИДЕО, САДО