Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ. Раиси Кумитаи занон ва раиси шаҳри Норак иваз шуданд


Идигул Қосимзода
Идигул Қосимзода

Рӯзи 8-уми январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва фармону амри раиси ҷумҳур дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо қарори ҳукумат Идигул Қосимзода аз мақоми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон озод шуд. Дар шарҳи қарор сабаби аз вазифа озод шудани ӯро "гузаштан ба кори дигар" гуфтаанд. Моҳи декабри соли 2019 номзадии ӯ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз рӯйхати ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси Кумитаи кор бо занон шудааст. Қурбонзода то ин дам раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон буд.

Бар асоси фармони президент, Маликшо Неъматзода аз вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи президент озод шуда, ба мақоми иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак таъйин гардидааст. Неъматзода дар гузашта ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон ва сафири Тоҷикистон дар Олмону Лаҳистон ва Чехия кор кардааст.

Рӯзи 8-уми январ бо қарори ҳукумат муовинони раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, аз ҷумла Марҳабо Олимӣ аз вазифа сабукдӯш шуданд. Зулфия Давлатзода муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон таъйин гардид.

Аксар вақт мухолифон чунин тағйиротро танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин тағйирот бештар аз ҷойивазкунии мансабдорон иборат аст, ки сари чанд вақт аз як мақом ба мақоми дигар "мекӯчанд".

Идигул Қосимзода: Талқин кардам, ки тоҷикона пӯшанд

Идигул Қосимзода давоми чор соли ахир раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд ва дар ин муддат исми ин сохтор дар матбуоти Тоҷикистон дар робита бо тасмиму тадбирҳои мухталиф ва гоҳо баҳсбарангез бисёр расонаӣ шудааст. Дар ҳоле, ки шумори муроҷиатҳои занон ва ҳам мардон ба ин кумита барои баррасиву ҳалли қазияҳои оилавиашон бештар шуд, бархе кори ин кумитаро мавриди интиқод ҳам қарор доданд.

Яке аз ин интиқодҳо марбут ба ташкили рейдҳои “фаҳмондадиҳӣ ба занон” дар бораи “фарҳанги либоспӯшии миллӣ” мебошад. Дар чунин рейдҳо намояндагони мақомот, аз ҷумла полис, Кумитаҳои кор бо занон ва умури дин дар маконҳои ҷамъиятӣ гурӯҳ-гурӯҳ гашта занону духтарони ҳиҷобпӯшро нигоҳ медоштанд.

Мунаққидон мегӯянд, чунин сӯҳбатҳо бо тақозои аз сар бадар кардани ҳиҷоб ва рӯ овардан ба либоси миллӣ меанҷомид ва бархеро ҳам ба идораи полис мебурданд.

Идигул Қосимзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8 январ гуфт, ки ӯ дар вазифаи раиси кумита “тарғиби фарҳанги миллии либоспӯширо ҳадаф қарор дода” буд. Ӯ гуфт: “Вақте ман корро чор сол пеш (дар вазифаи раиси Кумитаи занон) сар кардам, зиддият бисёр буд. Тоҷикон таърихи қадима доранд ва 5500-солагии Саразмро ҳам олимон исбот кардаанд. Халқи тоҷик фарҳанги либоси миллии худро дорост. Чун 50 фисади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, барои фарҳанги либоспӯшии худро фаромӯш накардан, эҳё кардани вижагиҳои либосҳои тоҷикиро тарғиб кардам. Дар тӯли се сол аксарият нафаҳмиданд, соли чоруми фаъолияти худ баъд гуфтанд, ки раиси кумитаи кор бо занон намегӯяд, ки шумо дигару дигар пӯшед, танҳо талқин дорад, ки тоҷикона пӯшед”.

Қосимзода, ки аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба парлумон номзад шудааст, мегӯяд, умедвор аст, ки ба ҳайси вакил ҳам як шахси муҳим ва фаъол хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG