Бештари минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати ҳаракати “Толибон” қарор мегирад. Душанбеи расмӣ чораҳои ҳифзи марзҳояшро тақвият бахшида, дар бораи вазъи кунунӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва Маскав гуфтугӯ дорад. Коршиносон фаъолмандиҳои Русия ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ)-ро дар амри ҳимояи марзҳои Тоҷикистон истисно намекунанд, аммо эҳтимоли таҳдидҳои мустақим аз Афғонистонро ба таври норӯшан баҳогузорӣ мекунанд.
Шаби 4 ба 5-уми июл шумораи ноҳияҳое, ки ҳаракати “Толибон” дар марз бо Тоҷикистон забт кардааст, панҷто зиёд шуд. Марзҳои берунии вилояти Бадахшон, ки ҳамҷавори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад, қариб комилан зери назорати “Толибон” қарор гирифтанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бори дигар аз ақибнишинии 1037 нерӯи ҳукумати Афғонистон ба кишвар хабар дод.
Дар солҳои истиқлол бори аввал чунин шиддат гирифтани вазъ дар шимоли Афғонистон ва таъсири мустақими он ба Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ин ҳам дар миёни аҳолӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти ҷумҳурӣ ҳаросеро ба вуҷуд овардааст, ки мабодо дар баробари хатарҳои ҷиҳодӣ ба танҳоӣ бимонанд.
“Басиҷи боасос”
Умар Нисор, мудири Маркази омӯзиши Афғонистони муосир, нигарониҳои мақомоти Душанберо дуруст мешуморад. "Ҳақиқат он аст, ки худи Толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди мустақим надоранд, аммо тавре медонед, онҳо бо тамоми гурӯҳҳои радикалии Афғонистон робитаҳои шарикӣ доранд. Аз ин рӯ, истисно кардан мумкин нест, ки ин гурӯҳҳо метавонанд дар оянда мавзеъҳоеро барои ворид шудан ба минтақаи Осиёи Марказӣ истифода бибаранд”, -- бовар дорад Нисор.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ноамнӣ дар марз бо Тоҷикистон. Раҳмон бо Путин, Мирзиёев ва Тоқаев суҳбат кардРӯзи 5-уми июл дар робита ба шиддат ёфтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи изтирории Шӯрои амниятро баргузор кард. Пас аз он тасмим гирифта шуд, ки барои муҳофизати марз бо Афғонистон 20 ҳазор хидматчии ҳарбии эҳтиётӣ сафарбар карда шаванд.
Мавқеи тарафҳо
Пештар, раисҷумҳури Тоҷикистон бо президентҳои Узбекистону Қазоқистон ва Русия гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дода буд. Тибқи изҳороти расмӣ, ҷонибҳо иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии ҳамкории нерӯҳои амниятиро баррасӣ карданд. Президенти Русия Владимир Путин омодагии худро барои ҳимояти лозим аз Тоҷикистон ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи СПАД (ОДКБ) изҳор кард.
Раҳбари дафтари матбуоти СПАД, Владимир Зайниддинов, аз шарҳи иқдомҳои минбаъда дар сурати бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон барои Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ҳамзамон, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар Афғонистон, Замир Кобулов, дар мусоҳиба бо ТАСС таъкид мекунад, ки кумакҳо барои таъмини амнияти марзи Тоҷикистон аз Русияву Тоҷикистон тибқи нақша ироа хоҳад шуд.
Агар ҷангҳои густарда дар марз сар зананд, ин боис ба нигаронии шадиди Тоҷикистону Узбекистон хоҳад шуд. Ҳоло тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд.Умар Нисор
Тоҷикистону Афғонистон дар самти Бадахшон 910 километр марз доранд. Дар миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон ягона узви СПАД мебошад, ки ҳуқуқи ҳимояи ин созмони низомӣ-сиёсиро дорад.
"Таҳдидҳои мустақим нест"
Андрей Серенко, коршиноси рус дар умури Афғонистон, фаъолшавии Русияро дар масъалаи ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон истисно намекунад, балки онро "корзори таблиғотӣ" меномад. “Эҳтимол ҳимоят бо зарурати нишон додани омодагӣ ба дифоъ аз ҳампаймонҳои Шумо бештар рабт дошта бошад. Аммо фикр намекунам, ки бояд дар ҷангҳои воқеӣ ширкат варзем, ин ҳадди ақал барои имрӯз имконнопазир аст”, -- таъкид мекунад коршинос.
Ба қавли ӯ, низоъ аз марзи Афғонистон берун нахоҳад рафт ва нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар метавонанд дар ояндаи наздик, агарчи аз нигоҳи назорат набошад ҳам, аз нигоҳи баробарӣ ва тавозуни нерӯҳо муваффақ шаванд.
Дар мусоҳиба бо РИА Новости, намояндаи ҳаракати “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ дар бораи кафолати таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон изҳори назар кард. Вай Тоҷикистонро як кишвари дӯст номид ва итминон дод, ки ҳеч дахолате аз ҷониби ҳаракат нахоҳад буд.
Дар идома чиро бояд мунтазир шуд?
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси мустақил аз Тоҷикистон, гуфт, кишварҳои ҳамсоя аз он нигаронанд, ки аксари онҳое, ки Бадахшон, Тахор ва Кундузро назорат мекунанд, на танҳо “Толибон”, балки намояндагони гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ мебошанд, ки аз марзи Покистон дар солҳои 2014-2015 ба Шимол интиқол дода шудаанд.
“Фаъолмандии муттаҳидони Тоҷикистон аз рушди вазъ дар Афғонистон вобаста хоҳад буд. Ҳоло ҳадафи асосии “Толибон” пешгирӣ аз ҳимоят шудани мухолифони зиддитолибонӣ дар Шимол аст, аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ки марзҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ банданд”, -- гуфт Муллоҷонов.
Пайдоиши ҳаракати “Толибон” дар шимоли Афғонистон дар солҳои охир хосияти системавӣ пайдо кард. Тақрибан ҳар бор ба нерӯҳои давлатӣ муяссар мешуд, ки минтақаҳои сарҳадиро аз радикалҳо озод кунанд. Аммо ин бор “Толибон” муваффақ шуданд, ки нуқтаҳои марзиро низ забт кунанд, ки ба гуфтаи коршиносон метавонад, барои берун рондани онҳо дардисарҳои изофӣ эҷод кунанд.
“Баъзе вулусволиҳоро бозпас гирифтан имкон дорад, аммо иҷрои ин кор ҳанӯз ҳам душвор хоҳад буд. Чӣ гуна, масалан, мешавад амалиётро дар Шерхон Бандар ва ҷойҳои дигар бидуни вайрон кардани зербиноҳо ва воҳима андохтан дар кишварҳои ҳамсоя анҷом дод. Агар ҷангҳои густарда дар марз сар зананд, ин боис ба нигаронии шадиди Тоҷикистону Узбекистон хоҳад шуд. Ҳоло тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд”, -- мегӯяд Умар Нисор.
Дарозии марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1400 километр аст. Тибқи изҳороти мақомоти Тоҷикистон, марзбонон ва хидматчиёни низомии Вазорати дифоъ, ки дар хатти дувуми посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, ба реҷаи вижаи хидмат гузаронида шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Кобул мегӯяд, сарбозони гурехтаашро бозгардонд. Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодаастВазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро дар Кобул баррасӣ кардаанд. АКСАксҳо аз марзи Тоҷикистону АфғонистонСарбозони афғон фирорашонро ба Тоҷикистон нақл карданд. ВИДЕОРаиси ноҳияи Нусай: "Дар ҳайати Толибон тоҷикистониён низ ҳастанд" ВИДЕО