Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро дар Кобул баррасӣ кардаанд. АКС


Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон.
Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон.

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон, вазъ дар сарҳади ду кишварро баррасӣ кардааст. Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод, ки мулоқот 5-уми июл баргузор шуд. Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 6-уми июл навишт, сафири Тоҷикистон гуфтааст, Душанбе "хоҳони поёни ҷанг ва ҳалли қазияи Афғонистон аз роҳи музокирот аст". Ҷузъиёти дигар дастрас нест.

Ин суҳбат дар ҳолест, ки тайи як ҳафтаи охир аксар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон зери тасарруфи Толибон афтода, беш аз 1500 нерӯи амниятии он кишвар ба тарафи Тоҷикистон фирор кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо то чӣ замоне дар қаламрави Тоҷикистон мемонанд ва кай ба кишварашон бармегарданд. Саид Аҳмад, фармондеҳи сарҳадии ноҳия ё вулусволии Шикайи Дарвози Афғонистон, рӯзи 6-уми июл дар суҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин дар салоҳияти давлати марказии Афғонистон аст, ки дар ин робита чӣ тасмим мегирад.

Тибқи ахбори расида, ба ҷуз аз маркази вулусволии Шикай, Толибон ҳама минтақаҳои дигари Дарвоз, ҳаммарз бо Дарвози Тоҷикистонро ишғол кардаанд. Як манбаъ дар ҳукумати маҳаллии Шикай ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ин ноҳия аз самти Нусай ва Кӯфоб дар муҳосира қарор дорад ва имкони даргириҳои низомӣ боло аст.

83 нафар аз низомиёни ин ноҳия шаби 4 ба 5-уми июл ба тарафи Тоҷикистон гузаштанд ва ҳоло дар деҳаҳои Хостав ва Зиғари ҷамоати Нулванд нигаҳдорӣ мешаванд. Ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон дар рӯбарӯи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст.

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, муовини атташеи низомии сафорат барои расидагии вазъ ба минтақаҳои ҳаммарз рафтааст. Аммо як афсари нерӯҳои марзбонӣ дар вулусволии Шикай ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ҳеч мансабдори афғонистонӣ ба мулоқоти онҳо наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, ба расонаҳои русӣ гуфтааст, нерӯҳо амалиёти бозпасгирии минтақаҳои аздастрафтаро дар шимоли ин кишвар барномарезӣ мекунанд. Ӯ ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ҳамлаи Толибонро интизор надоштанд, аммо ҳоло ба он посухи қатъӣ хоҳанд дод.

Ҷангҷӯёни Толибон пас аз тасарруфи наздик ба 20 ноҳия ё вулусволии Бадахшони Афғонистон дар камтар аз як ҳафта, аз ҷумла ҳама минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон, ба дарвозаҳои Файзобод -- маркази ин вилоят расидаанд ва шаҳрро муҳосира карданд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир ҳузурашон дар шимоли Афғонистонро тақвият мекунанд. Раиси ноҳияи Нусайи Дарвози Афғонистон рӯзи 5-уми июл дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни Толибон дар Дарвоз, ҷанҷгӯёни тоҷикистонӣ низ ҳузур доранд.

Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки бинобар нигаронӣ аз ноамниҳо консулгарии ин кишвар дар шаҳри Мазори Шариф кори худро муваққатан бозмедорад.

XS
SM
MD
LG