Як фаъоли пешини Ҳизби демократро дар вилояти Суғд ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Рустам Мамаҷоновро барои бознашри навори мухолифини тоҷик гунаҳкор донистаанд, вале вакили мудофеъ ноодилона хонд.
Мамаҷонов моҳи марти имсол аз сӯйи маъмурони амниятӣ дастгир ва моҳи июн бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба зиндон маҳкум шудааст.
Таблиғ ё тасодуфӣ?
Дар маводи парванда, ки нусхааш 6-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта шудааст, ӯ дар охири соли 2019 бо Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифин, дар Фейсбук дӯстӣ карда, се навори суханронии ӯро паҳн (поделиться) намудааст. Ду навор дар бораи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ будааст.
Рустам Мамаҷонови 59-сола дар бозпурсӣ иттиҳоми эълоншударо қабул накарда, гуфтааст, ба хотири дуруст надонистани тарзи истифодаи Фейсбук "видеоҳо тасодуфан паҳн гардиданд."
Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои марбут ба мухолифин, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва Паймони миллиро мамнуъ эълон кардааст. Мақомот мегӯянд, ҳамагуна таблиғ ва ҳамкорӣ бо ин созмонҳо ҷазо дорад.
Ба қавли вакили мудофеъ, Рустам Мамаҷонов яке аз фаъолони Ҳизби демократ дар солҳои 90-ум дар вилояти Суғд буда, барои гирифтани дафтар дар Хуҷанду Душанбе кумак кардааст. Вале ҳоло дар парвандаи ӯ батакрор омадааст, ки Мамаҷонов як соли охир ақидаҳои гуруҳҳои мухолифинро дар хориҷа дар Фейсбук таблиғ мекард.
"Онҳо дарди ҷомеа, дарди худашонро мебинанд"
Шарофиддин Гадоев, ки Рустам Мамаҷонов ба хотири бознашри суҳбатҳои ӯ зиндонӣ шудааст, мегӯяд, ин фаъоли Ҳизби демократро намешиносад. Аз сӯйи дигар, аз рафтори мақомот танқид кард, ки барои тарсондани мунтақидон онҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд.
“Онҳое, ки вориди барномаҳои мо мешаванд, ошиқи ман нестанд. Онҳо дар суханҳои мо дарди ҷомеа, дарди худашонро мебинанд. Онҳое ба ҳарфе, ки худашон мехоҳанд бигӯянд, лайк мегузоранд”, -- афзуд ӯ.
Абдукарим Абдулҳамидов, вакили мудофеи Рустам Мамаҷонов, рӯзи 6-уми июл гуфт, зерҳимояаш иштибоҳӣ наворҳоро бознашр карда, вале борҳо аз мухолифин дар Фейсбук танқид карда, гуфтааст, “солҳои 90-умро фаромӯш накунед.” Назаре, ки ба гуфтаи вакили дифоъ аз сӯи муфаттишон ба инобат гирифта нашуд.
Наворҳои бознашркарда ва шарҳҳои навиштаи Рустам Мамаҷонов аз саҳифаи фейсбукии ӯ пок карда шудаанд. Дар чунин шароит мустақилона тасдиқ кардани он ки як сол пеш ӯ чиро бознашр карду чӣ навишт, ғайримумкин аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пойфишории ду тараф
Абдукарим Абдулҳамидов мегӯяд, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят бурда, то охир талош мекунад, бегуноҳии Мамаҷоновро собит кунад. Мақомот дар парвандаи ҷиноӣ навиштаанд, ҳарчанд Рустам Мамаҷонов иттиҳомро қабул накард, “далелҳо гунаҳкор будани ӯро собит кард”.
Рустам Мамаҷонов ягона шахсе нест, ки барои лайк гузоштан ё бознашри матолиб дар Фейсбук зиндонӣ мешавад. Солҳои пеш низ даҳҳо нафар ба он хотир зиндонӣ шуданд, ки ба гуфтаи мақомот дар зери навори созмонҳои мамнуъ “лайк” гузоштаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор интиқод карда, гуфтаанд, ҳукумат бо баҳонаи мубориза бо терроризм талош дорад, садои мунтақидонро хомӯш кунад. Мақомот рафтори худро баҷо ва мубориза бо ифротгароӣ донистаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қадаме ба пеш. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти зиндонро қабул кардҶомеаи итоаткори Тоҷикистон: вомондаи гузашта ё тарс аз вазъи ҳозир?Ҷунайдулло Худоёров: "Мақомот ба ҷои ислоҳи камбудҳо маро зиндонӣ карданд" ВИДЕОТоҷикистон ҷазоро барои барангехтани кинаву адоват "сабуктар" кардааст