Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷазоро барои барангехтани кинаву адоват "сабуктар" кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ сабуктар кардаанд.

"Садои мардум", нашрияи расмии порлумон, рӯзи шанбе тафсилоти ҷаласаи вакилонро (аз рӯзи 14-уми октябр) нашр кард.

Бино ба он, шахсе, ки бори аввал ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва нажодӣ муттаҳам мешавад ва агар дар фаъолияташ таркиби ҷиноят нест, аз 2900 сомонӣ то 5800 сомонӣ ҷарима ва ё аз панҷ то даҳ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд.

Вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён, дар ҳузури аъзои Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, шахсоне, ки баъд аз гирифтани ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран онро содир мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд. Он вақт ба онҳо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Пештар барои чунин амал панҷ соли зиндон муқаррар шуда буд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ", аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд ва мухолифон ин банди қонунро бештар ҳамчун "моддаи навбатдор" ном мебаранд.

Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва хабарнигори тоҷик Далер Шарифов бо айни модда зиндонӣ шудаанд. Ба зидди хабарнигору таҳлилгари тоҷик Хайрулло Мирсаидов низ бо ин модда парванда оғоз шуда буд, баъдан мақомот онро қатъ карданд.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ки ҷазоро барои барангехтани кинаву адовати миллӣ ё бекор кунад, ё ба гурӯҳи ҷурмҳои маъмурӣ ворид намояд.

Вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён, гуфт, "ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои бори аввал содир намудани ин гуна кирдор боис ба огоҳ кардани шаҳрвандон аз оқибатҳои ҳуқуқии чунин кирдорҳо ва пешгирии экстремизм гардида, далели сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад."

Қаблан як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ки аз тарҳи ислоҳҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ огоҳӣ дошт, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сабук кардани ҷазо "бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва бо ҳадафи таъмини адолат сурат мегирад".

Ин манбаъ афзуда буд, "тағйири нав асосан онҳоеро аз ҷазои ҷиноӣ озод мекунад, ки бори аввал бо гузоштани "лайк" ё бознашри матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тақсими варақаҳо ва дар суҳбатҳо ба барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабӣ гумонбар шудаанд".

Мақомот баъди қабули ислоҳҳо дар ин замина шарҳи пурра надодаанд. Дар ҷаласаи порлумон низ дар бораи "лайк" гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеч ишора нарафтааст.

Дар гузашта чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла бахши ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон барои гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ даъват карда буданд.

XS
SM
MD
LG