Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои худро, ки дар хатти дуввуми дифоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор дорад ба ҳолати омодабош ва реҷаи махсуси хидмат гузаронд.
Фаридун Маҳмадализода роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи вазорат дар минтақа дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар сурати пеш омадани зарурат барои ҳифзи марз сафарбар мешаванд. Маҳмадализода гуфт, “мо медонем, ки вазъият дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон чӣ гуна аст, ҳамарӯза таҳлил мекунем, ки дар оянда чӣ рух хоҳад дод. Агар ҳолати убури ғайриқонунии марз ва ё муноқиша рух диҳад мо ҳама вақт омода ҳастем. Қисмҳои низомие, ки дар минтақаҳо мустақар ҳастанд хуб медонанд, ки дар ҳолати пеш омадани ҳолатӣ ҷангӣ кадом вазифаро бояд иҷро кунанд”.
Субҳи 22-юми июн дар пайи даргирии сахт байни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва Толибон, гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба дасти ин гурӯҳ гузашт. Дар ин макон “Пули дӯстӣ” сохта шудааст, ки Тоҷикистонро ба Афғонистон мепайвандад. Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки 134 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ) ақибнишинӣ карда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон вазъ дар сарҳад бо Афғонистонро мураккаб номида гуфт, ки дар даҳ рӯзи ахир дар чаҳор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷанг байни Толибону нерӯҳои давлатии Афғонистон идома дорад ва “ноҳияҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.”
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади бештар аз 1300 километрӣ дорад, то ҳол шоҳиди ақибнишинии сарбозони афғон ба қаламрави кишвар нашуда буд. Мақомоти расмӣ чанд рӯз пеш аз эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон ҳам ҳушдор дода буданд. Ҷангиёни Толибон дар ҳоле фаъол шуда чандин минтақаи Афғонистонро зери даст дароварданд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки то рӯзи 11-уми сентябр сарбозони кишварашро, ки 20 сол онҷо буданд, аз Афғонистон берун мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Толибон минтақаи Имомсоҳиб, наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Шерхон-Бандар чӣ гузашт? Гузориш аз марзи Тоҷикистону Афғонистон. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Садои тир ба гӯш мерасад". Нигоҳе аз Фархор ба вазъи марз бо Афғонистон. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Файзов гуфт, ба қабули паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон бояд омода шуд