Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файзов гуфт, ба қабули паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон бояд омода шуд


Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Дар хабарномаи нашршуда дар рӯзи 18-уми июн дар саҳифаи фейсбукии ҳукумати ин вилоят, раиси ВМКБ вазъ дар ноҳияи Баҳорак, Зебок ва Моҳи Майи Афғонистонро, ки дар наздикии сарҳади Тоҷикистон қарор доранд, “мураккаб” номидааст.

Ба гуфтаи Файзов, “гуруҳҳои тундрав аксари минтақаҳои сарҳадиро таҳти тасарруф қарор дода, ба инфрасохтори кишвари ҳамсоя хисороти моливу ҷонӣ ворид намуданд.”

“Вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем.”,--гуфтааст раиси ВМКБ.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон марзи тӯлонӣ бо вилояти Бадахшони Афғонистон дорад. Дар чанд ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ давом дорад. Ёдгор Файзов дар ҷаласае гуфтааст, ки маҳсулоти ниёзи аввалро дар ин вилоят бояд захира кунанд ва барои қабули паноҳандагони эҳтимолӣ омодагӣ гиранд.

Ба гуфтаи ӯ, сокинон бо марзбонон барои ҳифзи сарҳад кӯмак мекунанд ва даъват кардааст, ки барои ҳифзи марз бояд ҳама дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Борҳо мақомоти Тоҷикистон аз ҷамъ шудани гуруҳҳои тундрав дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо ин кишвар хабар дода буданд.

Вазъи амниятии Афғонистон пас аз эълони хуруҷи низомиёни Амрико пас аз 20 соли ҳузур дар ин кишвар бадтар шудааст. Гуфтушунидҳои сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон ҳанӯз натиҷа надодааст.

XS
SM
MD
LG