Қиёмиддин Азизов, раҳбари нави Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, роҳи Раҳматилло Зоиров, раҳбари қаблии ҳизбро давом медиҳад.
Раҳматилло Зоиров, ки то моҳе пеш раҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дошт, "бо сабаби беморӣ" аз вазифа истеъфо дод ва Қиёмиддин Азизов, ки то он замон муовини раиси ҲСДТ буд, ҷойгузини ӯ шуд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ аз раҳбари ҳизб шудани Азизов норизоӣ кард ва гуфт, ки эҳтимол сиёсати ҳизб тағйир кунад. ҲСДТ-ро дар давраи раҳбарии Раҳматилло Зоиров ягона ҳизби мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон меномиданд.
Раҳбари нави ҳизб, ки 41 сола аст, дар саҳнаҳои сиёсӣ чандон шинохта нест. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зоиров бо иллати беморӣ дар охирҳои моҳи май канор рафт ва ӯро ҳамчун раиси ҳизб то замони баргузории анҷуман мансуб кардааст.
Қиёмиддин Азизов, рӯзи 17-уми июн дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳизби Зоиров” ҳамчунон бонуфуз аст ва барномаҳои муҳим дар даст дорад.
"Маро Зоиров бовар намуд"
Қиёмиддин Азизов: Маро, ки Зоиров бовар намуда, раиси ҳизб таъин кардааст, ман бар асоси барномаҳои тасдиқшуда дар анҷуман корро пеш мебарам, вале кушиш мекунам, ҳатман дигаргунӣ ворид кунам, аммо ҳар дигаргуние ҳам шавад, бо машварат бо аъзои раёсат ва Шӯрои сиёсии ҳизб анҷом хоҳем дод. Талош мекунем, ҳизбро боз фаъолтар кунем, вале бо чӣ роҳ ва чӣ гуна дар анҷуман баррасӣ хоҳад шуд.
Радиои Озодӣ: Бо далеле, ки шумо чандон чеҳраи шинохта набудед ва пас аз таъин шуданатон бо матбуот суҳбат накардед, сару садое пайдо шуд, ки эҳтимол бо омадани шумо ҳизб мавқеи нармтарро интихоб кунад. Оё воқеан чунин аст?
Қиёмиддин Азизов: Дидам, ки бо таъин шуданам бархеҳо зуд дар расонаҳо изҳор доштанд, ки акнун ҳизб ҳукуматӣ мешавад ва ба ҷиноҳҳо тақсим мегардад. Ин як иддаои беасос аст. ҲСДТ таи ин чанд сол ҳамчун ҳизби расмӣ ва бонуфуз фаъолияташро пеш мебарад ва аз ҳизбҳои мухолифи созанда ба шумор меравад. Мо бо Раҳматилло Зоиров пайваста дар тамос ҳастем ва машварат мекунем. Ман аз мактаби Зоиров берун намеравам.
"Ҳизби мо ҳеҷ вақт ботлоқ набуд"
Радиои Озодӣ: Бархе аъзои Раёсати ҳизб низ ба мансуб шудани шумо ба вазифаи раиси ҲСДТ эътироз карданд. Аз ҷумла Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҳизб гуфт, ки аз рӯйи оиннома, дар сурати истеъфои раиси ҳизб, бояд ӯ то баргузории анҷуман раҳбар мешуд. Назари шумо чист?
Қиёмиддин Азизов: Ман ба Шокирҷон эҳтиром дорам ва бояд гӯям, ки Раҳматилло Зоиров маро то баргузории анҷумани ҳизб таъин кард. Маълум аст, ки дар анҷуман номзадҳои дигар ҳастанд ва пешниҳод мешаванд. Ҳар нафаре интихоб шуд, масъулиятро ба душ хоҳад гирифт. Ман масъулияти то замони анҷуманро бар душ дорам.
Радиои Озодӣ: Анҷумани ҳизб кай баргузор мешавад?
Қиёмиддин Азизов: Ҳоло омодагиҳо ҳаст ва имкон дорад, пас аз як моҳ сурат гирад. Санаашро ҳоло аниқ накардаем.
Радиои Озодӣ: Дар барномаи “Гапи озод”-и Радиои Озодӣ сиёсатшинос Сайфулло Сафаров гуфт, ки ҳизби ҲСДТ ҳоло ба як «ботлоқ» табдил ёфтааст.
Қиёмиддин Азизов: Ин барномаро пурра дидам ва ҳарфҳои Сафаровро шунидам. Ҳизби мо ҳеҷ вақт ботлоқ ва беназм набуд ва дар оянда ҳам ба ин роҳ намедиҳад. ҲСДТ барнома дорад ва бар асоси барномаи ҳизб, Шӯрои ҳизб ва аъзои Раёсати он дар пойтахт ва дар навоҳии кишвар фаъолият доранд. Ман аслан чунин ҳарфҳоро қабул надорам.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Охирин рақиби ҳукумат саҳнаи сиёсиро тарк кард. Раҳматилло Зоиров кист?Раҳматилло Зоиров истеъфо дод, муовини аввалаш эътироз дорад. ВИДЕОЗойиров гуфт, баъди интихобот аъзои ҳизбашро таъқиб мекунанд. ВКД беасос донистВКД: "Раҳматилло Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: "Ду нафари ношинос заданд." ВИДЕОҲСДТ гуфт, ҷонибдоронаш мухолифи ширкат дар интихоботи президентӣ ҳастанд