Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров истеъфо дод, муовини аввалаш эътироз дорад. ВИДЕО


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони 64-сола ва мушовири пешини президент, ки аз замони таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, беш аз бист соли охир, раёсати ин ҳизби мухолифро ба уҳда дошт, аз мақом канор рафтааст.

Ӯ рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки истеъфояш бар асоси пешниҳоди ариза ба Шӯрои сиёсии ҳизб сурат гирифта, феълан раҳбариро Қиёмиддин Азизови 41-сола ба дӯш дорад. Баъзе аз аъзои раёсати ҳизб бо ин тағйирот розӣ нестанд ва хилофи оиннома медонанд.

Шояд таҳти таҳдид қарор дорад ё ҷонаш дар хатар аст, ё дигар ҳолатҳо, ки ман намедонам.
Шокирҷон Ҳакимов

Зоиров дар ҳоле аз раҳбарии ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон канор рафтааст, ки соли 2018 чанде аз тарафдоронаш хоҳони интихоби раҳбари нав шуда буданд, аммо ӯ аз мақом рафтанро муносиб надонист. Он вақт гуфта буд, ки масъулият дорад, аъзои парокандаи ҳизбро ҷамъ биорад.

Вай рӯзи 26-уми май дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ сабаби асосии аз раҳбарии ҳизб рафтанашро "ба вазъи саломатӣ" рабт дод: "Якчанд сол, ним сол ё як сол нодуруст аст, поям бисёр ғам дод. 20-уми сентябри соли гузашта зарбаи сахт хӯрдам. Аз он замон дарди пой гум нашуд. Барои ҳамин, ба Шӯрои сиёсӣ ариза навишта илтимос кардам, ки анҷуман баргузор нашуд, маро озод кунанд. Ман бояд табобат кунам."

Раҳматилло Зоиров дар суҳбати ҷудогона бо хабарнигорони "Настоящее Время", як бахши Радиои Озодӣ, "дурудароз мондан дар мақоми раҳбарӣ"-ро аз сабабҳои дигари рафтан аз раёсати ҳизб номид.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Раҳматилло Зоиров истеъфо дод, муовини аввалаш эътироз дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Қарор буд, моҳи марти имсол Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баргузор ва дар он масъалаи раҳбарӣ дар ҲСДТ ҳаллу фасл шавад, аммо анҷуман барпо нашуд.

Зоиров мегӯяд, аксар аъзои ҳизб дар хориҷа ва бахусус Русия ҳастанд ва то замони баргузории анҷуман ҳизбро Қиёмиддин Азизов раҳбарӣ мекунад. Вай дар бораи он ки чаро интихоб бар сари ин шахсияти начандон шинохта дар ҳизб сурат гирифт, маълумот надод, аммо гуфт, пас аз баргаштани аъзои ҳизб аз хориҷа анҷуман аз миёни номзадҳо якеро интихоб хоҳад кард.

"Якчанд номзадҳои мо ба раисии ҳизб дар хориҷа, дар Русия ҳастанд. Дар ин ҷо Шокирҷон Ҳакимов аст. Қиёмиддин Азизов ҳаст, ки ҳоло раиси таъин шудааст. Номзадҳо аз Истаравшану Хуҷанду Бадахшон ҳастанд", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо баъзе аз ҳампаймонони Зоиров гуфтанд, ки бо тасмими охири ӯ розӣ нестанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ, рӯзи 26-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси оинномаи ҳизб дар сурати бемории раис масъулият ба зиммаи муовини аввал мегузарад, на каси дигар.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Вай афзуд: "Вақте раис вафот кард, фалаҷ шуд, ягон сафари хориҷӣ рафтаву бозгашташ маълум нест, ё дигар ҳолат бошаду истеъфо диҳад, иҷрои вазифаи раиси ҳизб ба уҳдаи муовини аввали раиси ҳизб вогузошта мешавад. Ин меъёри оиннома аст. Баъд Шӯрои сиёсиро муовини раиси ҳизб даъват мекунад ва аъзоро дар ҷараён мегузорад. Шояд таҳти таҳдид қарор дорад ё ҷонаш дар хатар аст, ё дигар ҳолатҳо, ки ман намедонам."

Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон соли 1999 сабтином шудааст ва ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 12 ҳазор узв дорад. Ин ҳизбро ягона ташаккули сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон медонанд, ки дар қиболи баъзе аз тасмимҳои ҳукумат изҳоротҳои тунд медиҳад. Аз ҷумла, тағйири санаи интихоботи президентии соли гузаштаро аз 6-уми ноябр ба 11-уми октябр ғайриқонунӣ номида, онро таҳрим карда буд.

ҲСДТ дар чанд интихоботи порлумонӣ бо номзадҳои худ иштирок карда, ба иттилои расмӣ, ҳеч вақт ройи заруриро нагирифтааст. Мақомот ҳизбро ба фаъолиятҳои сусту надоштани тарафдорон муттаҳам мекунанд, раҳбарони ҳизб пайваста мегӯянд, ки ройи ҷонибдорони онҳо дуздида шудааст.

XS
SM
MD
LG