Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Раҳматилло Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: "Ду нафари ношинос заданд." ВИДЕО


Раҳматилло Зойиров дар назди хонааш. Рӯзи 24-уми сентябри 2020
Раҳматилло Зойиров дар назди хонааш. Рӯзи 24-уми сентябри 2020

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯйбор афтондааст.

Раҳматилло Зойиров дар вокуниш ба баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, "чунин назар бепоя ва пур аз иштибоҳ аст. Дар зудтарин фурсат дар ин замина баёнияи расмӣ нашр мекунем”.

Вай пештар гуфта буд, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла карда, ба сару чашмаш осеб расонданд. Ба қавли Зойиров, ҳамлаварон ду нафар буданд ва "аз пушт зарба заданд".

Масъулони ВКД мегӯянд, бино ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ "дар сари ӯ ягон осеби ҷароҳат ёфт нашуд". Вазорат аз қавли Қобилҷон Давлатхоҷаев, ҳамчун шоҳиди ҳодиса, овардааст: "Санаи 22-юми сентябри соли 2020 бегоҳирӯзӣ ҳамсояаш Зойиров Р.Ҳ.-ро вохӯрд, ки номбурда бо сагаш сайругашт менамуд. Дар ин маврид саг Зойиров Р.Ҳ.-ро ба як тараф кашид ва дар натиҷа номбурда ба дохили ҷӯйбори бетонӣ афтид."

Раҳматилло Зойиров рӯзи 29-уми сентябр гуфт, воқеан мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва дар ин замина ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ муроҷиат кардааст. "ВКД як нусхаи ин ташхисро дастрас кардааст, аммо чунин хулосаи ВКД комилан бепоя аст", -- афзуд ӯ.

Раҳматилло Зойиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шоми 22-юми сентябр, соати шашуними бегоҳ, як-ду одамро гусел карда, каме дар сари кӯча истодам. Рафтанӣ будам, ки аз пушти сар ва гарданам заданд. Ҳамон лаҳза касе бо тамоми ҷуссааш маро тела дод. Бо китфи чапам ба роҳрав зада, ба дохили ҷӯй афтодам."

Дар се соли ахир бори дувум аст, ки раиси ҲСДТ мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор мегирад. Зоиров мегӯяд, ҳамлаи ахир баъд аз бозгашти ӯ аз баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки ба қавли худаш дар бораи "тақаллубкорӣ"-и раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми пешвози раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зиёде ҷамъ оварда буд.

Ҳодисаи ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва Ҳизби сотсиал-демократ онро таҳрим ё бойкот кардааст. Шӯрои сиёсии ҳизб гуфт, таъини интихоботи президентӣ дар санаи 11-уми октябр "ғайриқонунӣ" аст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизби сиёсӣ бошад.

Видеои суҳбат бо Раҳматилло Зойировро дар инҷо бинед:

Зойиров гуфт, ки афроди ношинос ӯро задаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

XS
SM
MD
LG