Ширкати зери итоати Бег Сабур аз пардохти қариб як миллион доллар озод шуд

Ширкати "Тоҷиктелеком" зери назари Бег Сабур кор мекунад

"Тоҷиктелеком"-ширкате, ки воридоти интернетро дар инҳисор ё монополияи худ дорад, аз пардохти қариб як миллион доллар андозу ҷарима озод шуд. Ин ширкат тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, ки раҳбари он Бег Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Азия Плюс" менависад, дар ин бора қарори ҳукумат содир шудааст.

Пештар Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфта буд, ширкати "Тоҷиктелеком" яке аз қарздорҳои калон аз андоз мебошад. Ба гуфтаи Давлатзода, ин ширкат дар назди будҷаи кишвар 86 миллион сомонӣ ё 7,6 миллион доллар қарздор аст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, "Тоҷиктелеком" аз пардохти 5,5 миллион сомонӣ қарзи андоз ва 5,5 миллион сомонӣ фоиз ва ҷаримаҳо озод шудааст.

Ба озод шудани “Тоҷиктелеком” аз андозу ҷарима, инчунин як ширкате бо номи “Медимпекс”, ки дар борааш маълумоти зиёд нест, аз супурдани 312 ҳазор сомонии қарзи андоз озод шудааст. Тибқи ин қарор инчунин ҷамъияти "Саноати Нақлиёти No2" ва баъзе корхонаҳои дигари дар шаҳри Кӯлоб сабтиномшуда, мисли корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб, корхонаи "Пахтаи Кӯлоб", ҷамъияти "Фаридун-К", корхонаи "Хишти Кулоб", "Суғдиён", корхонаи "Кӯлобгаз" ва ширкати "Лоиқ" аз андоз ва пардохти ҷаримаҳо ба андозаи беш аз 4, 5 миллион сомонӣ озод шудаанд.

"Тоҷиктелеком"-ширкати зертобеи Хадамоти алоқа ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон аст. Вале сарфи назар аз ин ширкат солҳои ахир вазъи молие хубе надорад ва андозу дигар ширкатҳо қарздор шудааст.

Қаблан идораи барқи Душанбе ва ширкати Тселл ба хотири напардохтани қарз, аз болои "Тоҷиктелеком" ба додгоҳ шикоят бурда буданд.

Бег Сабур аз соли 2011 раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, ки "Тоҷиктелеком" зертобеи он мебошад.

Моҳи апрели имсол Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва Интернет, бояд ширкати ("Тоҷиктелеком")-ро аз тобеияти танзимгари соҳа, яъне Хадамоти алоқа бароранд. Ин нуктаро Ян Петерс Олтерс, раиси дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел дар нишасти онлайни "Иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баён дошт.

Ширкати "Тоҷиктелеком" зертобеи Хадамоти алоқа ва ягона дастраскунандаи Интернет ба Тоҷикистон аст.

Ҳоло Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад, аммо нархи он баръакс гарон аст. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба ҳисоби миёна ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хадамоти алоқа аз тарҳи ҷанҷолии "SMS"-ҳо даст кашидАз фурӯши билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон кӣ фоида мегирад? ВИДЕО, САНАДҲОЯк бонки байналмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки мудирони ширкатҳои қарздорро аз хориҷа биорадБа Тоҷикистон тавсия доданд, ки дар бозори Интернет кӣ "ҳукмфармоӣ" кунад“Авесто интернет”--ширкати ношиносе, ки ба Тоҷикистон интернет ворид мекунад Додгоҳ ширкати зери итоати Бег Сабурро ба пардохти қарзи барқ муваззаф кардБонки Ҷаҳонӣ Хадамоти алоқаро монеи рушди Интернет дар Тоҷикистон номид. ВИДЕО