Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа аз тарҳи ҷанҷолии "SMS"-ҳо даст кашид


Духтарони тоҷик бо телефони мобилии худ паёмак менависанд. Акс аз бойгонӣ
Духтарони тоҷик бо телефони мобилии худ паёмак менависанд. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ба ихтиёри як ширкати оффшорӣ гузаштани паёмакҳои бозаргониро бекор кардааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” хабар дод, ки дастуре дар ин бора бо имзои Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқа рӯзи 20-уми май ба ширкатҳои мобилӣ ирсол шудааст.

Ҷузъиёти ин тасмим маълум нест, вале қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон бозори sms ва ё паёмакҳое, ки ширкатҳо барои огаҳӣ ва ё таблиғоти молу хадамоташон ба муштариёнашон мефиристанд, дар қабзаи як ширкат қарор гирифтааст.

Аз ин ширкат IRIS Technologies LLC ном мебаранд, ки гуфта мешавад, як ширкати оффшорист. Ба қавли огаҳони умур, ин ширкат ният дошт, нархи паёмакҳоро ба якборагӣ 60 маротиба боло барад. Коршиносон гуфта буданд, ки дар ин ҳол, на танҳо хатари дар инҳисори як ширкат қарор гирфитани бозори паёмакҳо, балки хатари дастрасӣ ба ҳарими хусусӣ ва почтаҳои электрониву саҳфаҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён меояд.

Номаи ширкатҳои мобилӣ

Поёни моҳи апрели соли 2021 ширкатҳои мухобиротӣ, ширкатҳои таксӣ, бонкҳо аз ширкатҳои мобилӣ нома гирифтанд, ки бо IRIS Technologies LLC шартнома банданд ва аз 1-уми майи соли 2021 ирсоли ҳама паёмакҳои бозаргонӣ ба муштариён (SMS навъи A2P) тавассути ин ширкат сурат мегирад. Маъмулан, паёмакҳои бозаргониро худи ширкатҳои мобилӣ ба муштариёнашон мефиристанд. Як нусхаи мактуб бо талаби шартнома бастан бо IRIS Technologies LLC дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифта буд.

Дар он гуфта мешавад, ки IRIS Technologies LLC ният дорад, нархи як SMS-ро аз 0,5 дирами қаблӣ то 30 дирам, яъне ҳудуди 60 маротиба боло барад. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар бонкҳо ва ширкатҳои таксӣ, ки зиёд ба муштариёнашон паёмак мефиристанд, гуфтанд, агар ин тарҳ амалӣ шавад, маҷбуранд, нархи хадамотро боло баранд, чунки хароҷот барои ирсоли паёмак гарон шуд.

Хадамоти алоқа гуфта буд, ки бо IRIS робита надорад

Илҳом Атоев муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба пойгоҳи хабариву таҳлилии Nuqta.tj гуфта буд, ки хабари ба IRIS додани ҳаққи ирсоли паёмакҳо дурӯғ аст ва ӯ аз чунин муомилае хабар надорад.

Дар Хадамоти алоқа он замон гуфта буданд, онҳо бо ширкати IRIS Technologies LLC рабте надоранд, вале ширкатҳои мобилӣ ҳақ доранд, бо ширкатҳои дохиливу хориҷӣ барои расонидани хадамоти мухобиротӣ шартнома банданд. Чанде аз ширкатҳои мобилӣ, аз ҷумла Мегафон ва Тселл ҳам бо нашри изҳорот аз зуҳури миёнарави нав дар ирсоли паёмакҳо хабар дода, аз бозигари нав дар бозор пуштибонӣ карданд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шумори мудирон ва мутахассиони ширкатҳо гуфта буданд, ки то кунун барои ирсоли паёмакҳо аз 10-15 ҳазор сомонӣ харҷ мекунанд, вале агар нархи нав ҷорӣ шавад, хароҷоти онҳо то 500-600 ҳазор сомонӣ зиёд мешавад. Ба ҳисоби мутахассисон, баъди дар қабзаи IRIS Technologies LLC қарор гирфитани бозори паёмакҳо нархи ҳар як фармоиши таксӣ ҳудуди 1 сомонӣ боло мерафт.

Агар ин тарҳ амалӣ мешуд...

Коршиносон гуфта буданд, ки боло рафтани қимати паёмакҳо як паҳлӯи мушкил аст. Хавфи дигари дар қабзаи IRIS Technologies LLC қарор гирифитани паёмакҳо дар Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки паёмакҳои мардум ба дасти шахсони саввум афтад, ки метавонанд, почтаҳои электронӣ ва саҳифаҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоиро рахна карда, ба онҳо дастрасӣ ёбанд.

Рустам Гулов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ мегӯяд, як василаи мустаҳкам нигаҳ доштани амнияти почтаи электронӣ, ҳисоби бонкӣ ва ё саҳифа дар шабакаи иҷтимоӣ бар иловаи калидвожа, коди махсусест, ки ба шумо бо паёмак меояд. Агар ин паёмак ба дасти шахси саввум афтад, имкони ба осонӣ дастрасӣ ёфтан ба саҳифаҳои шуморо пайдо мекунад.

Ӯ гуфт: “Ҳоло бонкҳо барои дастрасӣ ба ҳисоби онлайнӣ аз SMS зиёд истифода мекунанд. Дар ин ҳолат паёмаке, ки бонк мефиристанд, мумкин аст, ба дасти дигар одамон афтад. Касоне, ки ҳамин сервисро идора мекунанд, метавонанд, пештар аз шумо ба ҳисоб дастрасӣ пайдо намоянд. Ҳамин гуна агар номи вурудии шуморо ёбанд, метавонанд ба саҳифаатон дар Фейсбуку Твиттер ва дигар шабакаҳо ворид шаванд ва онро идора кунанд.”

Коршиноси тоҷик мегӯяд, ин гуна хавф ҳоло танҳо як гумон аст, вале ба як марказ ва ё ширкат вобаста кардани кулли бозори SMS-ҳо амнияти иттилоотиро зери хатар мегузорад. Рустам Гулов мегӯяд: “Бубинед, вақте инқилоби октябр соли 1917 рух дод, якум почтаро забт карданд. Чаро? Чун мехостанд, воситаи алоқа, мухобиротро дар даст дошта бошанд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳам вобаста кардани кишвар ба як маркази интернет, ба як маркази паёмакҳо хавфро зиёд мекунанд. Чунки дастрасӣ ба як марказ метавонад, кишварро ба пуррагӣ аз интернет маҳрум кунад."

Дар пайи манфиати молӣ ва ё дастрасӣ ба ҳарими хусусӣ?

Гулов афзуд, афрод ва ё гуруҳҳое, ки мехоҳанд, бозори ирсоли SMS-ҳоро зери даст дароранд, бештар пайи манофеи молӣ ҳастанд, то дастрасӣ ба маълумоти хусусии корбарон. Бино ба арзёбии коршиносон, ҳаҷми гардиш дар бозори паёмакрасониҳо дар Тоҷикистон дар як моҳ аз 300- 500 ҳазор сомонӣ аст.

Ба дасти як ширкат додани мудирият ва ё ҳаққи истифода аз хадамоти сермуштарӣ ва пурдаромад дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам будааст ва оқибатҳои он ҳам манфӣ арзёбӣ шудааст. Масалан то соли 2018 ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет биёранд, вале баъдан бо қарори Хадамоти алоқа муваззаф шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" харанд.

Баъди он Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар ҷаҳон ба зинаҳои поёнӣ лағжид ва сабаби онро дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет донистанд.

XS
SM
MD
LG