Як бонки байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 панҷ дарсад ва дар соли 2022 панҷуним дарсад хоҳад шуд.
Бонки Осиёии Рушд дар гузориши нави худ гуфтааст, интизор меравад, тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 то ҳадде барқарор шавад, аммо гуфта мешавад, "рушди иқтисод аз чанд омил, аз ҷумла бекор шудани маҳдудиятҳои пандемия дар кишварҳои шарики Тоҷикистон вобаста аст".
Рушди иқтисоди Тоҷикистон то оғози ҳамагири COVID-19, мувофиқи омори расмӣ, 7,5 дарсад буд ва соли 2020, бино бар таъсири пандемия, то 4,5 дарсад поин омад.
Шани Кэмпбел, мудири дафтари Бонки Осиёии Рушд, дар як изҳороте дар охири моҳи апрел гуфт, "бисёр чиз аз суръати маъракаи ваксингузаронӣ ва пурра барқарор шудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои шарики Тоҷикистон вобаста аст. Беҳтар кардани самарбахшии фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ҳамчунон метавонад омили устувор шудани бахши молияи Тоҷикистон шавад."
Ишораи Кэмпбел ба "самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ" дар ҳолест, ки қарзи корхонаҳои азими давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати январи соли 2021 ба 88,3 миллиард сомонӣ, муодили 7,8 миллиард доллар расидааст.
Бино бар ҳисоботи Оҷонси омор, 25,5 дарсад ва ё чоряки корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зиёноваранд ва ба ҷойи фоида сол аз сол зиёни молӣ ба бор меоранд.
Аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки ҳар сол қарзашон меафзояд, ширкати "Барқи тоҷик", "Тоҷик Эйр", "Тоҷиктелеком", "Роҳи оҳан" ва "Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе" ном бурда мешаванд.
Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 1000 корхонаи давлатӣ арзи вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳо "даҳсолаҳо инҷониб зарар меоранд" ва хавфи пардохтнопазирӣ ва бознагаштани қарзҳоро бештар мекунад.
Аз ин рӯ, Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки мудирони аршади ширкатҳоро бар асоси усули шоистасолорӣ, аз ҷумла аз хориҷи кишвар, интихоб кунад. Ҷорӣ намудани усули идоракунии корпаративӣ низ аз роҳҳои берун кашидани ширкатҳои давлатӣ аз буҳрони қарзӣ унвон мешавад.