Даҳҳо корбари Радиои Озодӣ дар шарҳҳои матлабҳои марбут ба сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон ӯро "маҳбубтарин президенти як кишвари хориҷӣ" дар миёни мардуми тоҷик номидаанд.
Ҳарчанд, ба гуфтаи коршиносон, Мирзиёев дар худи Узбекистон чандон чеҳраи маҳбуб нест, вале бештари корбарони тоҷик ӯро барои он тавсиф кардаанд, ки пас аз ба қудрат расидан равобити тақрибан сарди ду кишварро дубора хуб кард. Шавкат Мирзиёев рӯзи 10-уми июн ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин сафар мақомоти Тоҷикистону Узбекистон 36 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бораи интиқоли бору сафари сокинонро имзо карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар вохӯрии ҳайатҳои ду кишвар гуфт, муносибати Душанбеву Тошканд дар бахшҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва амният рушд ёфтааст. Шавкат Мирзиёев дар навбати худ таъкид намуд, ки дар як соли гузашта тавонистанд, мушкилотеро ҳал кунанд, ки “солҳо монеи ҳамкории ду ҷониб мешуданд”.
Дар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев ордени "Зарринтоҷ", дараҷаи 1, доданд. Маросими тақдими он шоми 10- уми июн дар "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе гузашт.
Бисёриҳо президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёевро маҳбубтарин прзиденти кишвари хориҷӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон медонанд. Маҳбубияти ӯ замоне пайдо шуд, ки аз аввалин рӯзҳои раёсатҷумҳуриаш дар моҳи сентябри соли 2016 ҳамчун раҳбари ислоҳотталаб ва ҷонибдори беҳбуди равобит бо Тоҷикистион зуҳур намуда, эълон кард, ки аз озодиҳои бештари мардум пуштибонӣ мекунад. Ҳарчанд тибқи гузоришҳо, татбиқи амалии ин ислоҳот дар Узбекистон бо кундӣ пеш меравад, дар Тоҷикистон аз ин иқдомҳо хуш пазироӣ мекунанд. Мирзиёев сиёсатҳои давраи раҳбарии Ислом Каримов-президенти аввали Узбекистонро пайгирӣ накард ва дар талоши беҳбудии равобит бо Тоҷикистон шуд. Ислом Каримов, ки соли 2016 аз дунё даргузашт, бо Тоҷикистон равобити сард дошт ва дар замони раҳбарии ӯ марзҳо бештар баста буданд ва равуои сокинон миёни ду кишвар ба осонӣ даст намедод. Сафари давлатии президент Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018-ум ба як ҳодисаи таърихӣ табдил ёфт. Он замон марзи баста барои рафтуомади озоди шаҳрвандони ду кишвар ва содироту воридоти молу коло боз гардид. Даҳҳо ҳазор шаҳрванди ду кишвар имкон ёфтанд, ки баъди наздик ба ду даҳсола аз аҳволи хешовандонашон дар ду тарафи муқобили марз огаҳ шаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
15 акс аз ҷараёни сафари Мирзиёев ба ТоҷикистонРаҳбари Узбекистон мухолифати сарсахтона ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки соли 2010-ум дар шакли таҳрими убури масолеҳи сохтмонӣ ва маҳдуд намудани равуои тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон ҷорӣ шуда буд, канор гузошта, ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳ, истифодаи захираҳои обӣ ва дигар бахшҳои иқтисод ва илму фарҳангро пешниҳод кард. Шабакаҳои нақлиёту барқи замони шӯравӣ, ки дар солҳои ҳукмронии Каримов аз кор монда буданд, ба ваҷҳи умум эҳё хоҳанд шуд.
Ин масъала дар мулоқоти охири раҳбарони ду кишвар матраҳ шуд. Тасмими сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар руди Зарафшон бо тавоноии тахминан 320 мегават, аз ҷумлаи созишҳои ду раҳбар буданд.
Дар ҳамин ҳол, эҳтимол муҳимтар аз лоиҳаҳои иқтисодӣ, эҳёи равобити байни мардуми ду ҷумҳурӣ аст, ки ҳазорсолаҳо канори ҳам зистаанд. Пешбинӣ мешавад, ки ба зудӣ мадудиятҳои давраи коронавирус сабуктар шуда, рафтуомади озоди сокинони ду ҷумҳурӣ барқарор мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Маҳмадазимов: Ҳолу ҳавои Осиёи Марказӣ аз муносибати Тоҷикистону Узбекистон вобаста аст. ВИДЕОТоҷикистону Узбекистон санадҳоро дар бораи интиқоли бору сафари сокинон имзо карданд. АКС, ВИДЕОДар Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев ордени "Зарринтоҷ" додандШавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд