Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадазимов: Ҳолу ҳавои Осиёи Марказӣ аз муносибати Тоҷикистону Узбекистон вобаста аст. ВИДЕО


Абдуғанӣ Маҳмадазимов
Абдуғанӣ Маҳмадазимов
Тоҷикистону Узбекистон, ки солҳо муносибати сард доштанду ҳамкориҳо дар бисёре аз бахшҳо қатъ шуда буд, панҷ сол боз аз дӯстӣ ва ҳамкории бештар мегӯянд. Дар сафари ахири Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон ду кишвар 36 санад имзо карданд. Аммо дар ин ҳамкориҳо чӣ намерасад ва чӣ имконоте ҳаст, ки истифода нашудаанд? Ҷавоби ин ва суолҳои дигарро аз сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов пурсидем.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Тоҷикону узбекҳо аз қадим дар ин ҷо ҳастанд ва чигунагии муносибати ду халқ ба вазъи минтақа таъсир дорад. Туркманистон аз соли 1995 сиёсати бетарафиро пеш гирифтааст. Қирғизистон дар тарзи низоми давлатдорӣ мушкилот дорад. Қазоқистон зиёд дар равандҳои АвруОсиё банд аст. Барои ҳамин, Тоҷикистону Узбекистон метавонанд, ки авзои Осиёи Марказиро муайян кунанд ва таъсир гузоранд.

Радиои Озодӣ: Як замон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта будед, ки Тоҷикистону Узбекистон метавонанд, бо ҳамгироии бештар муҳаррике барои тамоми Осиёи Марказӣ бошанд. Чӣ гуна? Метавонед бештар шарҳ диҳед?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Инро дар такя бо таърихи Шоҳроҳи Абрешим гуфтам. Дар давраи шукӯҳи Шоҳроҳи Абрешим як анъана доштем, ки “аспҳо дар шимол ва киштиҳо дар ҷануб” мегуфтанд. Аспҳо аз пойтахти кӯҳани Чин ба ҳайси корвон мебаромад, ки тавассути Осиёи Марказӣ ҳаракат мекарданд. Ин анъанаҳоро бояд ба сохторҳои давлатӣ гузаронем. Солҳое буданд, ки тиҷорати дуҷониба хандаовар буд, то 18 миллион доллар афтид, ки умуман ба манфиатҳои миллии ду кишвар рост намеомад. Имрӯз ҳаракат дорем, ки то ним миллиард доллар расем. Дар моҳи май сарвазирони ду кишвар гуфтанд, ки додугирифтро ба як миллиард доллар мерасонанд. Мо метавонем, баъд аз 3-4 сол ин қулларо гузарем."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз сиёсатшиносону иқтисоддонҳо мегӯянд, иқтисоди Узбекистон назар ба иқтисоди Тоҷикистон бисёр бузургу пешрафта аст ва имкони ҳазм кардани иқтисоди Тоҷикистон аз тарафи кишвари ҳамсоя имкон дорад. Назари Шумо дар ин бора чист?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Аз як тараф дуруст аст, ки потенсиали захираҳои миллии Узбекистон зиёд аст. Ин кишварест, ки ба даҳгонаи иқтисоди ҷаҳон ворид мешавад ва солона то 80 тонна тиллоро аз ҳавзаи дарёи Зарафшон истихроҷ мекунад. Аз тарафи дигар, дар кӯҳканӣ ҳам мардуми Тоҷикистон хубанд. Солҳое буданд, ки дар воридоту содирот мо пешсаф будем. Агар аз нуқтаи назари геостратегия гӯем, солҳои охир, аз 2004 то 2021, тавозун ба тарафи Шарқ рафт. Яъне, молҳои чинӣ бисёр шуд. Акнун ворид шудани молҳо аз ғарб тавозунро бештар мекунад. Дар бозори дохилии Тоҷикистон як тавозун мешавад."

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Тоҷикистону Узбекистон ҳамроҳ чӣ кор карда метавонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:42 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба назари Шумо дар ин ҳамкориҳо чӣ намерасад, чӣ имконоте ҳаст, ки истифода нашудаанд?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Дар панҷ соли гузашта як ҷаҳиш кардем, аммо захираҳои истифоданашуда зиёд аст. Соли 1946 Бобоҷон Ғафуров ба назди роҳбарияти онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ рафта мегӯяд, мехоҳанд, роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент-Айнӣ тавассути Душанберо созанд. Сталин мегӯяд, қисми ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳолати вазнин аст. Ин кор баъд аз ҷанг буд. Расо 75 сол гузашт. Ҳафтаи гузашта як мизи гирд доштем бо ҳамкасбони узбек. Ба онҳо баргаштан ба ин лоиҳаро пешниҳод кардем. Аммо бо нуқтаи назари нав, яъне бунёди роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент-Айнӣ-Душанбе-Лахш ва баромад ба Қошғар. Ин лоиҳа ба тарҳи хеле бузурги чинии “Як камарбанд - Як роҳ” рост меояд. Сиёсати Шавкат Мирзиёев ва стратегияи чоруми умумимиллии тоҷикон, яъне баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ, агар дуяшон якҷо шавад, аз ин бадбахтӣ халос шудан мумкин аст."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки имсол хушксолӣ мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки масоили ирригатсионӣ аллакай вазъияти сарҳадҳоро муташанниҷ кардаанд. Ҷанҷолҳои Ворух ва Сӯх нӯги айсберг мебошанд. Оё президентҳои Узбекистон ва Тоҷикистон метавонанд дар ин вазъ ҳамкорӣ кунанд?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Албатта, метавонанд. Дар Осиёи Марказӣ як созмони алоҳида аст, ки "Ҳифзи баҳри Арал” аст ва метавонад, сиёсатро дар ин масъала ҳамоҳанг кунад. Дар атрофи ин созмон метавонем, ки бисёр корҳоро кунем. Агар хато накунам, имсол Тоҷикистон раисикунанда аст."

Радиои Озодӣ: Дар вазъияти воқеии сиёсии имрӯза ва иқтисодии минтақа, ба фикри Шумо, дар кадом самтҳо ҳамкориҳои босуръати ҳамгироӣ байни Тоҷикистону Узбекистон зарур аст?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Ман дар яке аз ҷаласаҳо пешниҳод карда будам, ки бояд дар Тоҷикистон, дар шаҳраки Данғара, як фурудгоҳи байналмилалии боркашӣ таъсис диҳанд. Дар он ҷо 1,2 ё 1,5 миллиард маблағ лозим аст, то барои нишастану парвози ҳавопаймоҳо инфросохтор тайёр шаванд. Анборҳои боркашонӣ ҳам тайёр кунанд. Он вақт ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд, аз он истифода кунанд. Ҳукумат аз мо талаб мекунад, ки захираи дусолаи ғизоро ҷамъ кунем, мо розӣ, аммо барои чӣ худашон ин корро намекунанд? Вақте нафт арзон буд, чаро захира накарданд? Як баррел нефт то 10 доллар афтид. Мо шахтаҳои ангишт дорем, шахтаҳои газу нефт. Онҳоро бояд ҳамчун анборҳои зеризаминӣ барои ҷамъоварии маҳсулоти нафт истифода кунем.”

Радиои Озодӣ: Дар замоне ки равобит бо Қирғизистони ҳамсоя хеле сард аст, президенти Тоҷикистон робитаҳояшро бо Русия ва Узбекистон мустаҳкам мекунад. Ҳадафи Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми сиёсӣ чӣ аст?

Абдуғанӣ Маҳмадазимов: "Ман гуфта наметавонам, ки Русия ё Узбекистон дар кашокашҳо тарафи танҳо Тоҷикистон бошанд. Натанҳо ин ду кишвар, балки Қазоқистон ҳам кӯшиш мекунад, ки даргириҳо дар сарҳад бузург нашавад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тавозунро риоя кунанд."

Чаро Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон маҳбуб шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

XS
SM
MD
LG