Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбекистон санадҳоро дар бораи интиқоли бору сафари сокинон имзо карданд. АКС, ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, шаҳри Душанбе, 10-уми июни 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, шаҳри Душанбе, 10-уми июни 2021

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 10-уми июн 36 санад, аз ҷумла дар бораи интиқоли бору сафари сокинонро имзо карданд. Ин санадҳо дар ҳоле қабул шуданд, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, бо сафари расмӣ ба Душанбе омадааст. Ду кишвар то панҷ сол пеш муносибати сард доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар вохӯрии ҳайатҳои ду кишвар гуфт, муносибати Душанбеву Тошканд дар бахшҳои сиёсату иқтисод, фарҳанг ва амният рушд ёфтааст.

"Ин ҷо сухан дар бораи бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон меравад, ки иқтидори лоиҳавии он 320 мегаватт хоҳад буд. Дар ин бора бо Шавкат Мирамонович ду сол қабл дар Тошканд ба созиш расида будем. Имруз созишномае ба имзо расонидем, ки қадамҳои минбаъдаи моро ҷиҳати иҷрои ин тарҳҳо ба танзим медарорад", -- афзуд ҷаноби Раҳмон.

Шавкат Мирзиёев гуфт, дар як соли гузашта тавонистанд, мушкилотеро ҳал кунанд, ки “солҳо монеи ҳамкории ду ҷониб мешуданд”.

"Мо ба амиқтар кардани ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва рушди долонҳои транзитӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунем. Ба қароре омадем, ки ҳамчунин талошҳоямонро барои беҳтар кардани боркашонӣ аз тариқи роҳи оҳану мошин ва ҳавоӣ идома диҳем. Ғайр аз ин, ба созиш расидем, ки табодули фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва маорифро фаъол гардонем", --илова кард Мирзиёев.

Тошканду Душанбе солҳои зиёд, дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, бар сари истифодаи обу сохтмони нерӯгоҳ, тақрибан дар ҳолати ҷанги сард қарор доштанд. Миёни кишварҳо парвозҳои ҳавоӣ қатъ ва хатсайрҳои автобусҳо ҳам бекор шуда, қисме аз роҳи оҳан вайрон ва низоми раводид ё виза ҷорӣ шуда буд.

Тоҷикистону Узбекистон санадҳоро дар бораи интиқоли бору сафари сокинон имзо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ин равобит ба гармӣ гароид. Дар панҷ соли гузашта сарони ду давлат борҳо ба кишвари якдигар сафарҳои ҷавобӣ анҷом дода, шартномаҳои ҳамкории стратегиро имзо кардаву низоми бидуни раводид ҷорӣ ва бар сари ба як миллиард доллар расондани гардиши молу коло тавофуқ карданд.​

Вале чанде аз корбарон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гуфтаанд, ҳанӯз масъалаҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Узбекистон бояд ҳал кунанд. Ба назари яке аз онҳо, "раводидро пурра аз байн мебардоштанд, бисёр хуб мешуд."

Корбари дигаре бо номи Маъруф Дӯстов навиштааст, "монополияи қисми зиёди тиҷорат дар Тоҷикистон ба манъ шудани воридоти маҳсулоти Узбекистон оварда расонд. Аз ҳама асосиаш тухму орд, равған ва маҳсулоти нафтӣ. Дар сурати пурра кушода шудани роҳҳо ва эълон кардани минтақаи озоди савдо байни ҳарду кишвар беҳбудие дар ҳаёти мардум шуданаш имкон дорад."

Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, солҳои охир додугирифт афзуда, соли гузашта ба беш аз 500 миллион доллар расидааст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афзоиши тиҷорат байни ду кишвар кори душвор нест, аммо бояд тавозуни додугирифт риоя шавад.

XS
SM
MD
LG